Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Марг ба интизомаш, ба донишаш ҳам. Кофтакофта хуб моли покиза ёфт.
Содиқи Ҷаъфар мудири мактабро дида лаби ҷӯи зери
чинор аз роҳаш истод. Дар чашмонаш айнак, бо даҳони
пурханда рӯ ба ҷониби Ризои Раҳмон омад. «Кори кардааш аз хотираш баромадааст, худозада!»
– Салом, рафиқ Ризои Раҳмон, – шарм надошта даст
дароз кард ба вай.
«Дасти қоқат ходачӯби гӯр шавад», – ба муаллими
куҳансол назар наандохта, ба ӯ нӯки даст дод. Чун ҳаррӯза бо меҳр аз вай аҳвол напурсид, нагуфт, ки чӣ тавр
хобиду бо чӣ руҳе аз хоб хест, забон накушода ба
роҳаш рафт. Содиқи Ҷаъфар ҳайрон монда аз ҷой намеҷунбид. Гӯё нақши девор шуда буд.
Баъди ин вохӯрӣ мудири мактаб бо Содиқи Ҷаъфар
дар ҳуҷраи худаш дучор омад... Маҷлис даъват карда
буд. Фарроши мактаб холаи Марзия аз кор чанд дақиқа
дер монда, рӯи мизи муаллим ва чанд партаи синфро
тоза накарда будааст.
Ризои Раҳмон масъалаи маҷлисро эълон карда, бо
қаҳру ғазаб сухан мегуфт: «Интизом суст, ҳама бетавфиқ, бевиҷдон, нонашонро ҳалол карда намехӯранд».
– Ҳамин гапҳо чӣ лозим? – сухани мудири мактабро
бурида, Содиқи Ҷаъфар аз ҷой бархост.
– Якеи ин зотҳо холаи Марзия, дар кори худаш бало,
аз дараи Селоб ҳар рӯз ду бори хар ҳезум мебиёраду
дар кори мактаб мурда. «Миёнам дард мекунад, касалам», мегӯяд. Хайр агар зӯр омада бошад, ариза навис,
рав, нон бошад, нонхӯр ёфт мешавад.
Ризои Раҳмон ба саволи Содиқи Ҷаъфар эътибор надод, чунон вонамуд, ки гӯё ӯро надидааст ва суханҳояшро ҳам нашунидааст.
Овози муаллими куҳансол баланд шуд.

пешина
аз 182
навбатӣ