Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Шумо, рафиқ Ризои Раҳмон, вақти моро беҳуда
мегиред. Чаро ин тавр мекунед?
– Муаллим, шинед! Ба ҳар ош қатиқ нашавед, монед
мо корамонро кунем, – сиёсат кард мудир.
– Шумо маҷлисро бисёр нағз медидед, муҳокимаи
холаи Марзия ба мо чӣ дахл дорад? Дина, парер ҳам
маҷлис гузарондед.
– Агар хоҳам, ҳар рӯз маҷлис мегузаронам.
– Гапи муаллим рост.
– Рост.
– Рост, – муаллим Содиқи Ҷаъфарро тарафдор шуданд муаллимон.
– Гапҳои шумо маънӣ надоранд, – давом намуд Содиқи Ҷаъфар. – Чи гуфтанатонро намедонед, сафсата.
– Бас кун! – Эҳтироми муаллими куҳансол аз хотири
Ризои Раҳмон баромад. Ба болои миз мушт зад. Маҷлис
давом меёфт. Вале мудири мактаб аз асабоният суханашро гум кард. Забонаш гирифт. Муаллимон гӯш намедоданд ба ӯ, гӯё ба хонаи мӯрча об даромада буд. Аз
ин пеш ӯ ягон вақт ин хел маҷлис нагузаронда буд,
вақти сухангӯии вай касе ҳад надошт, нафас барорад,
нек мегуфт ё бад, суханҳояш маънӣ доштанд ё на, касе
кордор набуд. Аммо имрӯз муаллими ёфта овардааш ба
вай «мадад мерасонад»... Сазои сараш, ҳоли Ризои
Раҳмон аз ин бадтар шавад, ҳеҷ кас айб надорад. «То
хонаю ҳавлии хуб ёфта надиҳӣ, намебиёям», гуфта
шарт монда буд ин муаллим. Пеши раис рафт, аз худи
мудири маориф ёрӣ пурсид, пул сарф карда ким-киҳоро
зиёфат дод, сарашро ба санг заду ба Содиқи Ҷаъфар
ҷою манзил ёфт. Худаш, фарзандонаш дар ҳавлии ӯ кор
карданд, гирди ҳавлиашро девор бардоштанд. Аммо
дар ҷавоби некиҳо... Дина дар назди Бӯрӣ ӯро шарманда кард, ҳоло пеши ҳама мегӯяд, ки Ризои Раҳмон маҷлисдӯст, гапҳояш умумӣ, ҳавоӣ, сафсата.

пешина
аз 182
навбатӣ