Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Худо занад ӯро бо
ҳақгӯиаш.
Дар маҷлис бисёр гуноҳҳои Ҷобиров зикр гашт. Ба
хаёли Ризои Раҳмон, ки ӯ лаби ҷар истода буд. Тела,
боз каме тела додан лозим. Аммо дар ҳамин лаҳзаҳои
барои Ризои Раҳмон хуш боз муаллими худаш кофта
ёфта дар ҷояш ба ҷунбуҷул даромад. Даст боло кард.
Ризои Раҳмон нигоҳашро аз ӯ гурезонд. Гӯё вайро
надид. Лекин ӯ аз ҷояш баланд шуд.
– Гап дорам, – ва «рафиқон» гуфта ба ҳозирон муроҷиат кард: – Ризои Раҳмон воҳима мекунад. Ман ҳам
муаллим Ҷобировро медонам, мешиносам, гунаҳгори
азим нест, донишманд аст, одами хуб, мухбир туҳмат
задааст, бӯи иғво, дурӯғ.
– Газета дурӯғ навиштааст, мегӯед? Туҳмат?! – Ризои Раҳмон тоқат карда натавонист.
– Дар газета ҳам ба мисли шумо одамон кор мекунанд.
– Яъне ман, газета, мухбир, туҳматчӣ?...
– Туҳмат.
Содиқи Ҷаъфар дунёро ба назари мудири мактаб тира гардонд. Гӯё акнун ӯ ба ҳуҷум гузашта, ба дами беморӣ, марг мебурд ӯро. Содиқи Ҷаъфар Ҷобировро тарафдор шуд, гапашро гузаронд. Аз мактаб ӯро наронданд.
Аз муаллими кофта ёфтааш боз «фоида». Дар ниҳояти қаҳру ғазаб бо ӯ дар роҳрави назди ҳезумхонаи
мактаб дучор омад. Касе не, муддаои дил. Пеши роҳашро гирифт, гузаштан намонд. Ба ҷои салому алайк,
ҳолу аҳвол пурсидан (баъди аз беморхона баромадан
акнун аз наздик вайро медид) чашм пӯшида даҳон кушод. Чӣ сухани қабеҳе ба забонаш омад, гуфт. Чунон
шармандаю беобрӯяш кард, ки муаллими куҳансол обе наёфт рӯй шӯяд.

пешина
аз 182
навбатӣ