БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Дар танаи девор гӯё часпида нақши он гашт мӯйсафед. Аз ҳолу аз мадор рафт, пой аз по кашида наметавонист. Дилаш ба сӯзиш даромад, дунё ба назараш тор, дардаш хурӯҷ ёфт.
Ризои Раҳмон муаллимро аз миёни роҳ ба канор, болои сабзазорон кашид, сарашро болои зону монд, бо рӯймолчааш шамол медод ӯро. «Мардум»! Ҷеғ зад ҳамаро. Муаллимон ба по хестанд, духтурҳо омаданд.
Худи мудири мактаб муаллимро беозор бардошта, ба мошини ёрии таҷилӣ хобонд, кору борашро гузошта ба паҳлӯяш гузашт. Аз духтурҳо хоҳишу илтимос дошт, ки ба табобати муаллим ҷиддан машғул шаванд. Мудири мактаб ғами муаллимашро мехӯрд.
Ҳоли муаллим беҳ гашт. Вале дилаш акнун аз кор рафтан, ба мактаб рафтан меҳаросид. Дар хаёле, ки сӯи гӯр раваду ба мактаб наравад, рӯи мурдаҳои гӯрро бинаду рӯи Ризои Раҳмонро не. Гӯё вай мор буд, аз пайи муаллим афтода, ҳар лаҳзае танҳо ёбадаш неш мезад.
Муаллим аз мудири мактаб гурезон. Аммо дар назди одамон вай ҳанӯз ба Содиқи Ҷаъфар меҳрубон, дар маҷлисҳо як ҳарфаш ҳам Содиқи Ҷаъфару ду ҳарфаш ҳам, таърифаш мекунад, аз ин таърифҳои вай ба дод омадааст, гӯшҳояшро ба кафҳои даст руст мекунад, «маро ба ҳолам мон, бас кун, ту чӣ хел одам?» Баъзан ба сари мудири мактаб дод зада аз маҷлисгоҳ баромада меравад... Ризои Раҳмон ором, гӯё муаллими куҳансол ягон кирдори норавое накарда... «Муаллим хоксоранд, хислати одамони бофазилат ҳамин тавр», – мегӯяд дар ҳаққи ӯ. Ба ҷонаш расондааст ин одам. Ба ноҳия, ба ҳама ҷо номи Содиқи Ҷаъфарро бо некӣ бурдааст.
Ба мактаб аз рӯзномаи марказ мухбир омад. Ӯро мудири мактаб ба синф – ба назди Содиқи Ҷаъфар овард, бо ҳазор забон назди мухбир васфаш кард: вай муаллими зӯр, ҳамаи омӯзгорон, худи мудири мактаб шогирдони ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё