БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Хоҳиш кард, аз кору бор, таҷрибаи Содиқи
Ҷаъфар нависад мухбир, сураташро ҳам дар рӯзнома
чоп кунад... Ҳамон бегоҳ Ризои Раҳмонро ӯ дар оинаи
нилгун дид, мухбир бо вай сӯҳбат менамуд... Номи Содиқи Ҷаъфар дар забони ӯ, сураташро ҳам бо худ бурдааст, нишон доданд.
– Додо, ин қадар мудири мактаб шуморо ҳурмат мекунад, нағз мебинад, – духтараш намоишро нигоҳ карда, Ризои Раҳмонро «шахси нек, дӯсти наздики хонадонашон» ҳисобид.
– Ҳамин одам маро мекушад.
– Чӣ гуфтед, додо?
– ...Чанд бор Содиқи Ҷаъфар пеши баъзеи муаллимон, наздикону дӯстон аз рӯзи ба сараш овардаи мудири мактаб ҳарф заданӣ шуд. Гуфт: ду ба ду шаванд,
танҳо монанд Ризои Раҳмон дашном медиҳад ӯро,
таҳқир мешунавад, ӯро ба дами марг расонидааст ин
одам. Ҳолашро худаш медонаду Худо.
Мардум ба ӯ гӯш надода, бо шубҳа ба вай назар
дӯхтанд. «Мӯйсафед бемор барин, бемори рӯҳӣ... Ба назари ин зайлҳо аксаран дӯстони ҷонию наздикон душман намоянд.
Агар аз ҳамин Ризои Раҳмон нолад, мӯйсафед аз дидагонаш менолад. Боз чӣ мехоста бошад ин одам аз ӯ?
Ҳамин қадараш монда, ки Ризои Раҳмонро зин занаду
савор шавад».
Як рӯз духтурҳои беморхонаи колхоз назди Ризои
Раҳмон омаданд. Гуфтанд, ки аҳволи муаллим Содиқи
Ҷаъфар вазнин, ба ӯ таъзиқ наорад.
– Ман ба он кас таъзиқ меорам? Кӣ гуфт? Худашон?
Тавба, тавба... Марҳамат худашонро ҷеғ занед, ҳамаи
муаллимҳоро хабар мекунам. Агар аз ман хатое гузашта бошад, гӯянд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё