БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Баръакс, ҳама аз ман меноланд, мегӯянд, ки ӯро фақат таъриф мекунам, мукофот медиҳам. Дина бо як азобе муаллимҳоро розӣ кунондам, ки рафиқ Содиқи Ҷаъфар барои гирифтани орден пешниҳод шаванд. Ҳоло ҳам чанди онҳо ба ман ногап, носоз.
Онҳо зидди муаллим... Ана, коғазҳо, қарор... – Ризои Раҳмон сандуқи оҳанинро кушода варақи бисёреро баровард, пеши духтурҳо монд. Хонед, – гуфт ва давом кард: – Муаллим одами меҳнатӣ, пок, аз сидқ дарс медиҳанд, нонашонро ҳалол карда мехӯранд, – Содиқи Ҷаъфарро таъриф мекард мудири мактаб.
Худи Содиқи Ҷаъфарро мудири мактаб ба ҳуҷрааш хонд.
– Муаллим, ман қадри шуморо намедонистаам, таъзиқ меовардаам, – пеши Содиқи Ҷаъфар сар хам кард Ризои Раҳмон.
– Маро ба дами мурдан расондӣ...
– Ба хаёлам, ба шумо фақат некӣ мекунам. Ҳамин сол Аълочии маорифи халқ шудед. Дина шуморо барои гирифтани орден пешниҳод кардам. Дидед, ки маҷлис набуд, ғавғои рӯзи маҳшар буд, ба сарам хестанд, ҷанҷол карданд. Худатон будед, дидед... ё дурӯғ мегӯям?
– Ман аз мукофот безор, маро ту мекушӣ... Намедонам ту чӣ хел одамӣ, чанд рӯ дорӣ? Ту душмани манӣ.
– Беҳраташ ҳамаи муаллимонро ҷеғ мезанем, мепурсем, агар ман ба шумо бадӣ мехоста бошам, гӯянд, шоҳидӣ диҳанд.
Ризои Раҳмон ҳамин тавр кард. Ҳамаи муаллимон ба ҳуҷраи ӯ омаданд. Дар шоҳидии духтурҳо маҷлис гузаронд. Гуфт, ки муаллим Содиқи Ҷаъфар шикоят кардаанд.
– Муаллим аз шумо норизо? – Дар ҳайрат афтода буданд ҳама.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё