БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ман медонам, ман аз қавми онҳо.
Хосса обрӯю эътиборе, ки эшони домулло Мирзо дорад, дар водии Ҳисор дар ҳамин шабу рӯз касе надорад.
Вайро лақаё кӯчонда бурданианд, эшони домулло Мирзо гуфта барои ин одам мемуранд, ҷон медиҳанд. Ман бо ин одам аз гап задан метарсам.
– Барои ҳамин ин одам шуморо писанд накард, барои ҳамин саҳар дар ҳаққи шумо ҳар гап гуфт, – эшони Тошбой байни эшони домулло Мирзо ва Носирхитой алангаи низоъ афрӯхтанӣ, ба аланга пуф мекарду пуф.
Дар хона ду нафар – эшони Тошбой монда буду Носирхитой. Ҳар ду хомӯш гаштанд.
– Чи шавад-нашавад, шуморо ба ҷои эшони домулло Мирзо имомхатиб мегузорам. Пагоҳ ин корро мекунем, аз қавлам намегардам.
Он шаб фиристодаҳои Носирхитой се бор хонаи Ҳоҷимаҳмуд рафта баргаштанд. Ҳоҷимаҳмудро наёфтанд.
– Куҷо гум шудааст? Нафаҳмидед, ки куҷо рафтааст?
– Носирхитой такроран аз фиристодаҳояш мепурсид.
– Гурехтагист, – як йигиташ ҷавоб гардонд.
– Ту мегурезӣ, вай намегурезад. – Ба ғазаб омада буд Носирхитой.
– Дар хонааш нест, кофтем, пурсидем. – Боз ҷавоб гардонд ҳамон йигити Носирхитой.
– Равед, боз равед, ёбед, – фармоиш дод Носирхитой.
Йигитҳои Носирхитой ҳамон шаб гӯё дар роҳи хонаи Ҳоҷимаҳмуд ва эшони Тошбой тор метаниданд, мерафтанд Ҳоҷимаҳмудро наёфта боз бармегаштанд. Аҳли хонаводаи Ҳоҷимаҳмуд, модари бузургвораш Моҳи Мулло ҳам ҳамон шаб лаҳзае хуфта натавонистанд. Дар он бегоҳирӯзӣ куҷо рафтани Ҳоҷимаҳмудро намедонистанд. Модари бузургвораш, занону фарзандон ҳама аз Худованд илтиҷо доштанд, ки Ҳоҷимаҳмуд ба хонааш наояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё