Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Саҳар мешуд, эшони Тошбой ҳамон шаб мижа таҳ карда натавонист. Вай дар хаёле, ки зудтар саҳар ояду ҳамроҳи Носирхитой, босмачиёни беҳисоби ӯ ба масҷид дароянд. Баъд эълон шавад, ки эшони Тошбой имомхатиби масҷид, баъд ӯ ба минбар барояд, ба муаззин фармояд, ки такбир бигӯяд, баъд меҳробро соҳиб шавад ва мардум аз пасаш намоз гузоранд. Имомхатиби масҷид шудан орзуи деринаи эшони Тошбой буд. Бо ҳамин орзу Бухоро рафт, бо ҳамин орзу бисёр солҳо хонд. Лек ба ҷое нарасид, мегӯянд, ки камсавод аст, зеҳнаш кунд. Дар деҳа ҳам ҳама вайро мазаммат мекарданд, лекин ҳоло рӯзҳое омада, ки дигар ин тавр гуфта наметавонанд, Носирхитой муридаш, ба сари рақибони вай корду камон мекашад, ҷон ба ҳама ширин, метарсанд. Аз пагоҳ сар карда баъди ҳар намоз дар ҳаққи Носирхитой, ҳамроҳони вай дуои нек хондан мегирад, дар ситоишашон ваъз мегӯяд. Ин амал барояш душвор не, гӯр сӯзаду дег ҷӯшад.
Субҳ медамад, аввалин субҳе, ки эшони Тошбой бо шодмонии беинтиҳо пешвоз мегирифт. Ниҳоят овози азон аз масҷид баланд гашт. Мардуми деҳа ба сӯи масҷид мешитобиданд. Эшони Тошбою Носирхитой аз ҳама аввал аз чӯббандии масҷид дарун шуданд. Саҳни масҷид ҳанӯз равшан нашуда, аз паси пардаи торикӣ баъзе чинорҳои қатори лаби ҷӯй ба назар намеғалтиданд. Вале аз шохсорони онҳо ғаҷар-ғуҷури гунҷишкакон ва бисёр парандаҳои дигар ба гӯш мерасид. Садои уҳу-уҳу, садои сулфаи намозхонҳо, аз обхона, ташнобҳо ба гӯш меомад, ки таҳорат мекарданд.
Дар он субҳгоҳ воқеае рух дод, ки Носирхитой чашмдор набуд.

пешина
аз 182
навбатӣ