БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ҳоҷимаҳмуд дар саҳни масҷид пайдо шуд. Танҳо набуд. Ҳамроҳ дошт. Аз назди Носирхитой бовиқор, бо сари баланд гузашт. Дар дами дари даромадгоҳи масҷид истод, ба онҳое, ки вориди масҷид шуданӣ буданд, рӯй овард.
– Қавмо, – овозаш баланд гашт, – ҳоло ҳамаатон ҳамин ҷо ҷамъ шавед. Ба масҷид надароетон, гап дорам, ба ҳамаатон гап дорам, – фармоиш медод ӯ ба ҳама.
Нигоҳи эшони Тошбой ба Носирхитой шуд. Ӯ ба дӯсташ гуфтанӣ буд: шунидед ин одам чӣ мегӯяд? Дари масҷидро гирифтааст-а? Носирхитойро писанд намекунад. Ё ӯ Ҳоҷимаҳмудро намебинад? Аз шаб боз бо йигитҳояш меҷуст, дасту пойҳояшро бастанӣ буд. Ана, ҳоло ҳамон Ҳоҷимаҳмуди ҷуста мегаштааш дар рӯ ба рӯ. Чӣ истодан дорад? Бигирадаш, дасту пойҳояшро бибандад, ба гарданаш завлона занад.
– Ҳамаи намозхонҳо омаданд? Ҳеҷ кас намонд? – овози Ҳоҷимаҳмуд боз баланд шуд: – Эшони домулло Мирзо пеш биоед, – фармуд ба хешаш ва ба ҳозирон муроҷиат кард: – Медонед имомхатибатон кӣ?
Чанд лаҳза суоли Ҳоҷимаҳмуд беҷавоб монд. Қариб ҳама аз ҷавоб гуфтан ба ин суол меҳаросиданд. Бегоҳ Носирхитой эшони Тошбойро имомхатиб эълон карда буд. Ҳоло бошад Ҳоҷимаҳмуд эшони домулло Мирзоро наздаш даъват дорад, ҳатто дари масҷидро руст кардааст. Ҳоло ягон воқеа рух медиҳад. Носирхитой танҳо нест, гирду атроф, саҳни масҷид пури одамони ӯ. Агар як ишора намояд, як Ҳоҷимаҳмуд чи ки, ҳамаи намозхонҳоро дар як дам саришта мекунанд. Деҳаро оташ мезананд, хунхоранд. Нангу номус, шараф мегӯяд Ҳоҷимаҳмуд. Худи ӯ, дар ҳақиқат, бо нангу номус аст.
Лекин оқибати ҳамаи ин сар нафароварданҳои ӯ нохушӣ меорад. Ягон гап мешавад. Таркиши азиме дар пеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё