БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ва баъд бо дили шоду руҳбаландии зиёд аз пайи адои супориши Иброҳимбек меафтад. Молу амволи Ҳоҷимаҳмуд беҳисоб, худи Носирхитой дидааст. Хонаҳои дарун ба даруни қолинпечи ӯ хуб зебу оро ёфта... Ҳамаи онҳоро худаш ба аспҳо бор мекунад, Худо хоҳад, то мехҳои танаи деворҳои хонаҳои ӯро чида мегирад. Ба ҳамин хел хаёлу орзуҳо Носирхитой чанд шабу чанд рӯз буд, ки аз сарҳади давлати Афғонистон гузашта рӯ ба деҳаи Нилкон асп меронд. Боз мегӯем, ки албатта худаш танҳо не, ҳамроҳи йигитҳояш. Дар ҳамин чанд шабу чанд рӯзе ки Носирхитой бо аҳли рикобаш дар роҳ буд, борон меборид. Ҳаво асло соф нашуд, офтоб намебаромад. Гӯё осмон аз мақсади нопоки Носирхитой огоҳ гашта мегирист, ҳар қадаре ба Нилкон наздиктар мешуд, борон шиддат мегирифт, аз осмон гӯё бо сатилҳо ба замин об мепошиданд. Аспҳо, савораҳо ҳама хастаю монда ва шалпар шуда буданд.
Вале Носирхитой дар роҳ, имкони дам гирифтан надошт, намехост, ки фурсат аз даст равад. Вай зудтар ба Нилкон расиданӣ буд. Дар ҳоле, Худо хоҳад, ӯ акнун бо Ҳоҷимаҳмуд рӯ ба рӯ меояд, ки аз дасти вай дигар ҳеҷ чиз намеояд. Дар ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд, дар деҳаи вай қиёмат меандозад. Дасту пои Ҳоҷимаҳмудро мебанданд, пешандоз мекунанд, Носирхитой савора, душманаш дар ҳоли забун пиёда, пеши пои вай афтода...
Ана ҳамин ҳолро дидан мехоҳад. Бо ҳамин орзуҳо ба сағрии аспаш Носирхитой қамчин меандохту асп медавонд.
Ниҳоят Носирхитой ба деҳаи Нилкон даромад ҳамроҳи савораҳояш. Роҳу роҳрав, боғу майдонҳои деҳа ваҷаб ба ваҷаб барояш ошно. Ин ҷо дӯстонаш мезиҳанд, эшони Тошбойи пираш... Онҳо бо ҳам вомехӯранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё