БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Омадам, пирам, ана омадам, – мегӯяд ба ӯ Носирхитой ва боз меафзояд: – Пирам, худатон мегӯед-ку, ҳар кор вақту соат дорад, то Худо розӣ нашавад, намешавад. Ана имрӯз, мо кори мехостаамонро мекунем, – Носирхитой хаёлан гӯё бо эшони Тошбой гап мезад.
Вай аз назди бинои масҷид гузашт. Ба ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд наздик меомад. Ана ҳамон дару дарвозаи дутабақаи ҳавлии ӯ. Манзиле, ки борҳо ӯ ин ҷо омада, як табақаи дарвоза кушода. Ба он даробаро доштанд, хидматгорҳо, занҳо, одамоне, ки Носирхитой онҳоро намешиносад. Хонаи Ҳоҷимаҳмуд ҳамеша ҳамин хел ҷои даробаро, сермеҳмон, одами дастархондор. Дар деҳа ӯ барин марди сермеҳмону обрӯманд нест. Лаҳзае лаҷоми аспашро кашид. Ҳамроҳи йигитҳояш ба ҳавлии ӯ даромада, ба сари Ҳоҷимаҳмуд ҳуҷум оварданӣ шуд.
Савораҳояш зиёд, ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд пурпури савора мешавад, мисле ҷои бузкашӣ, дар китфи ҳама боз камон. Дар миёни ҳар кадом шамшер. Ба Худо, ҳамаи аҳли хонавода талхакаф мешаванд, худи Ҳоҷимаҳмуд ба ҳарос меафтад. Ҳамин тавр мекунанд, ҳоло рӯз барвақт, то торик шудан чандин касро кушта нобуд сохтан мумкин, метавонанд, баъди аз ҳавлиаш бароварда куштани вай боз фурсат мемонад, ки баргашта ҳавлиашро талаю тороҷ кунанд. Баъд ба ҷониби Кӯктош, ба деҳааш роҳ мегирад ва баъд боз аз пайи корҳояш меафтад, даст ба бағалаш, ба коғази ҳазрати мир бурд. Аллакай хело лаҳзаҳо буд, ки вай болои асп сукут дошт, фикр мекард, аспаш бетоқатона сумак мезад, гарданак зада лаҷомро мехоид. Савораҳо, роҳакиҳо, ҳама аз роҳ бозистода назар ба вай доштанд.
Фармонашро ҳама интизор. Носирхитой риши дарози паҳну парешонашро, ки чанд вақт боз фурсати ба он қайчӣ задан надошт ва мисли ботинаш шаби тор барин сип-сиёҳ буд, қабза карда ғарқи фикру хаёлҳо буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё