Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хаёлаш ба Ҳоҷимаҳмуд, дар хаёле ки чӣ кунад, ба кор
шурӯъ намояд ё андаке баъдтар?
– Чӣ кор мекунем? –мепурсиданд чанд нафар ҳамроҳони ӯ.
– Намедонам, – ҷавоб гардонд.
– Тар шудем, – шикоят кард дигаре.
– Ҳеҷ бало намезанад, намемурӣ. – Ба сухани ӯ эътибор надода ҳанӯз хаёлаш ба Ҳоҷимаҳмуд буд. Фикр мекард, ки Ҳоҷимаҳмуд, агар якбора ба ҳавлиаш даромадани савораҳои беҳисоб ва шахсан худи Носирхитойро
бинад, ором намешинад, сар намефарорад, ба тақдир
тан намедиҳад, силоҳ дорад, мепарронад, то ба даст
меғалтад, ки чандин касро нобуд месозад, ё шояд рост
ба сари худи Носирхитой ҳамлавар мешавад, ҳамин
тавр мекунад, то кушта гаштанаш чанд касро мекушад.
Ҳамаашон ошкор мешаванд, фалокат аз таги по мехезад. Агар Иброҳмбек фаҳмад, ки Носирхитой ба ҷои ба
ҷо овардани фармони вай ба хонаи Ҳоҷимаҳмуд даромадааст, йигитҳояш кушта гаштаанд, ба сараш бало
меояд. Роҳ ҷустан, роҳи куштани Ҳоҷиро ёфтан лозим.
Вай ҳоло бояд аввал ба хонаи пираш эшони Тошбой
равад, гап гирад, фаҳмад, ки дар деҳа чи гапу ҳарф,
Ҳоҷимаҳмуд дар куҷо, шояд вай дар хонааш набошад,
агар ҳамин тавр шавад, пеш аз пода ҷанг кардагӣ барин
мешавад. Не, аввал пирашро мебинад. Худо хоҳад,
баъд аз пайи кор меафтад...
Носирхитой лаҷоми аспашро сар дод, ба биқини асп
бо неши мӯзаҳояш маҳмез зад, савораҳо ҳама роҳакӣ
шуданд. Аз паси дарвозаи Ҳоҷимаҳмуд гузаштанд, ба
тангкӯчаи хонаи эшони Тошбой даромаданд. Аз
тангкӯча базӯр як асп роҳ меёфт. Имрӯз ҳам ин
тангкӯча ба ҳамин ҳол боқӣ мондааст, гардиши танг, мисли ҳамон рӯзҳое ки Носирхитой пеш-пеши савораҳо буд.

пешина
аз 182
навбатӣ