БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Шаб мисли дили сиёҳи «меҳмонон»-и нохондаи оншабаи деҳаи Нилкон тира ва ваҳмовартар гашта.
Бо вуҷуди торик будани шаб босмачиёни Носирхитой дар кӯчаю паскӯчаҳои ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд пас–паси деворҳо, поида-поида роҳ мерафтанд. Мисли калтакеласҳои танаи девор худро ба кулуху коҳгилҳои деворҳо ҷафс намуда, ваҷаб ба ваҷаб ба пеш мехазиданд. Паси дару девор, чуқурию обкандае намонда буд, ки қотилон камин нагирифта бошанд. Ташвишу таҳлука ва ҷонканиҳои ин қадар одами беҳисоб аз баҳри дастгир намудани як мард, ҳама фармон гирифта. Худи ӯ аз торҳои танидаи душман бехабар, бепарво. Он шаб саҳар мешуду Ҳоҷимаҳмуд ҳам мижа таҳ накарда. Аз меҳмонхона берун нашуд. Ӯ дар чи хаёлу душманаш дар чи фикру андешаҳои зиште. Ҳоҷимаҳмуд ният дошт, то саҳар ҳамаи либосҳое, ки барояш фармуда буданд, дӯхта тайёр кунад. Шаби сиёҳ гӯё ба саҳар меомаду Ҳоҷимаҳмуд пайи либосдӯзӣ буд. Либосҳои пора кардаашро медӯхт, як дарзашро дӯхта шуда, боз дарзи дигареро зери сӯзан мемонд. Вай мошина мегардонду паси дару деворҳои меҳмонхона қотилонаш тор метаниданд. Аз боломанзари ҳамсоя роҳ гирифта буданд онҳо ба кулбаи Ҳоҷимаҳмуд, рӯ-рӯи бом сина ба хок ниҳода, ба пеш, сӯи меҳмонхонаи Ҳоҷимаҳмуд мехазиданд. Болору дастакҳо, танаи деворҳоро дошта болои бом мебаромаданд. Ба гӯши Ҳоҷимаҳмуд танҳо садои гардиши мошинааш меомад, садои дигаре намешунид. Қотилонаш ваҷаб ба ваҷаб ба сари ӯ наздик мешуданд. Инак, пеши назарашон дари даромади меҳмонхона. Он ҳам муддаои дили қотилон боз. Ҳоҷимаҳмуд бо умеди аз ҳавои баҳор хуб баҳравар гаштан ҳар ду табақаи дари меҳмонхонаро ба пушт кушода монда...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё