Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва Носирхитой пеш-пеш ва аз паси ӯ даҳ нафари дигар дар як мижа задан рӯ ба даруни хона давиданд.
Ҳаёҳуй бардошта буданд ҳама. Бо забони тоҷикию ӯзбакӣ «гир, дор, ушла» мегуфтанд. Дар дасти қариб ҳар кадоме банд, чилбури пашмин. Дастони Ҳоҷимаҳмудро, ки ӯ ҳанӯз сарфаҳм намерафт, чи ҳодиса рух медиҳад ва фурсати ба атроф назар андохтан ҳам намеёфт, ба пушт тоб доданд.
– Хез, пеш даро! – фарёд задани Носирхитой Ҳоҷимаҳмудро ба худ овард. Ҳоҷимаҳмуд, ки дар ғафлат монда буд, барояш дигар илоҷе намонда. Марг ба сари ӯ омада. Номардона амал намуда Носирхитой.
Марди номард, аз сояи Ҳоҷимаҳмуд тарсида мегаштагӣ одам.
– Ҳоҷимаҳмуд, – рӯ ба рӯи ӯ меистод Носирхитой.
Дастҳои кӯтоҳ-кӯтоҳаш паси пушт мағрурона давом менамуд: – Гуфта будам, ки мебиёям, вомехӯрем, – боз таъкид намуд: – Ана дидӣ, ҷӯра, омадам. Ба берун кашед, занед! – Ба йигитҳояш фармон дод. – Чӣ хомӯшед? Нашунидед чӣ гуфтам, занед!!
Ҳоҷимаҳмудро ба пеш тела доданд, одамони бисёр, миёни онҳо монда буд Ҳоҷимаҳмуд. Ба сараш бо мушт мезаданд, бо лағат мезаданд ӯро. Носирхитой дигар куҷо будани душманашро муайян карда наметавонист.
Ӯ ҳанӯз фурсати аз меҳмонхона берун шудан наёфта буд, ки овози доду фарёд, дашномдиҳии йигитҳояш аз рӯи ҳавлӣ ба гӯшаш меомад. Ҳоҷимаҳмудро аз боломанзар ба поён фароварда буданд. Қиёмате дар он субҳгоҳӣ дар рӯи ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд. Хидматгорҳо, занҳо, фарзандон, хешовандон, модари бузургвори ӯ Моҳи Мулло ҳама гирёну нолон.
– Чӣ мекунед, хонасӯхтаҳо, бачама? Ҳоҷимаҳмуд, балам, Ҳоҷӣ, – модар тарафи фарзандаш медавид.

пешина
аз 182
навбатӣ