Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Кӣ медонад, дар кадом асре чи шахси бузург, авлиё, хидматкарда, соҳибназаре ин ҷо хок шудааст. Шояд аз туфайли дарахтони шоҳтут, ки баъзешон хушк ҳам шуданд, ин ҷои муқаддасро мазори Шоҳтут номидаанд.
Дар айёми хурдсолиамон мо болои онҳо мебаромадем.
Шоҳтутҳои сип-сиёҳ, ширин, асалин. Ҳоло атрофи мазорро девор бардоштаанд, он ба ҳавлие ҳамроҳ шуда.
Вале ҳанӯз, ҳам ин ҷои муқаддасро мазори Шоҳтут мегӯянд, аз назди мазор чун гузори касе афтад, албатта аз роҳ бозмеистад, ба руҳи бузургвор фотиҳа мехонад.
Ва он рӯзи баҳор, ки абрҳои сиёҳ болои осмони деҳаро пӯшида, борон меборид, аҳли деҳа, аксар марду зан аз паси Ҳоҷимаҳмуд то ана ҳамин ҷо, то мазори Шоҳтут омаданду баъд аз ҳарос ҳама ақиб гаштанд.
Аммо танҳо як нафар, марди қоматбаланде, ки дар сар салла, дар тан чакмани пашмини сафеди дароз доштанд, паҳлӯ ба паҳлӯи Ҳоҷимаҳмуд қадам мемонданд.
Ҳоҷимаҳмуд сар ба қатори аспҳо медавид, монда шуда, гӯё забон аз ҳалқаш берун гашта. Ба сараш борон мерехт, сар то қадам, либосҳояш шип-шилтаи об, ҳанӯз ба худ, ки буд роҳ мерафт, пешпо хӯрда афтод. Салла аз сараш ғалтид, Носирхитой аз болои асп хам шуда салларо бардошт, чашмаш дар ҷомаи зебои ӯ дармонд.
Ҷомаро ҳам аз танаш кашид, саллаю ҷомаро ба дил ширин карда буд, ки ба почаи хӯрҷинаш ҷой намуд. Ҳоҷӣ аз ҳол мерафт. Об нӯшидан мехост, дилу ҷигараш бирён. Аммо ку об, обе, ки хуб бинӯшаду бинӯшад, ташнагиаш бишканад. Марди қоматбаланди ҳамроҳашбуда ҳам бо ӯ дар азоб, бо афтодани ӯ гӯё эшон ҳам меафтоданд, пешпо мехӯрданд, қамчинҳои савораҳо, ки гоҳи пешпо хӯрда афтодани Ҳоҷимаҳмуд ба

пешина
аз 182
навбатӣ