Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

сараш мефаромад, ба сари он кас низ меомад, «уҳ, оҳ»
мегуфтанд бо ҳар зарбаи қамчине, ки ба сари Ҳоҷимаҳмуд меомад... Аз назди мазори Ҳазрати Хӯҷарӯшноӣ, ки дар даромадгоҳи қабристони болои деҳа ҷойгир шудааст, гузаштанд. Барои он асрҳо боз манзили ашхоси бузургворро мардум мазори Ҳазрати Хӯҷарӯшноӣ мегуфтаанд, ки шабҳои ҷумъа болои хокдони эшон нӯкча сӯхта рӯшноӣ медодааст. Ва баъд Ҳоҷимаҳмудро ҳам ҳамон рӯзҳо ҳамин ҷо дар дохили мазори Ҳазрати Хӯҷарӯшноӣ ба хок супурдаанд.
Саворон, Носирхитойи бераҳму ҷоҳил Ҳоҷимаҳмудро, ки аз пой афтода буд, рӯ-рӯи замин кашола карда аз назди мазори Ҳазрати Хӯҷарӯшноӣ ва баъд аз подаҷо, ки он вақт подаи аҳли деҳа ҳамин ҷо дар болои деҳа ҷамъ мешуд ва бегоҳиҳо мардум гову молҳояшонро аз ҳамин ҷо, аз сари пода гардонда хонаҳояшон мебурданд, гузаронда, аз деҳа берун шуданд. Марди қоматбаланд, ки дар сар саллаи сафед доштанд, ҳанӯз бо Ҳоҷимаҳмуд ҳамроҳ. Ба ҷуз эшон дигар касе аз мардуми деҳа ҳамроҳи Ҳоҷимаҳмуд намонда. Носирхитой гоҳе лаҷоми аспашро назди он кас кашида тамасхуромез бо мард ҳамгап мешуд.
–Дар умрам нав одамеро мебинам, ки худаш сӯи маргаш, барои кушта гаштанаш медавад, ҷабр ба ҷони худаш мекунад, – ва бо ҳайрат аз мард боз суол мекард:
– Ё дурӯғ мегӯям?
– Рост мегӯед, бандаро ҳам кушед. Ҳамроҳи Ҳоҷимаҳмуд. Якҷоя бо вай мемирам, шумоҳо бераҳм, беинсоф, номусулмон, – овози эшон баланд мегашт.
– Эшони домулло Мирзо, ба худ биоед, тоқатамонро тоқ кардед. Аз ҳад нагузаронед, медонам, ҳамаи инҳо, – ба саворонаш ишора кард Носирхитой, – шуморо ҳурмат мекунанд, «пирам» мегӯянд. Лекин ана фармони мир-Иброҳимбеки Музаффар, бовар накунед, нишон медиҳам, – гуфта Носирхитой коғазеро аз ҷайбаш баровард ва афзуд: – Номи шумо ҳам ин ҷо ҳаст, ҳукми қатли шумо ҳам ҳаст.

пешина
аз 182
навбатӣ