Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Болои боми ошхона мебароянд, он ҷо ҳалқа мезананд, хоб мераванд, посбонҳои бовафои ҳавлӣ. Ин ҷонварҳо аз рӯзи сиёҳи ба сари соҳибонашон омада огоҳ. Сагҳо дар азоб, ҳайф. Соли дуюм мегузарад, ки дар азобанд. Саги пир хароб, пашми баданаш қарибе ба замин расида, дароз шуда. Нилкон наздик, вале он ҷо рафта намешавад. Силоҳдорон гирди деҳаҳо мегарданд, сари роҳи одамонро мегиранд. Муллою эшонҳоро меҷӯянд. Нилкон наздик, сари роҳаш гӯё мор, душман хоб рафта.
Ҳоли масҷид ва мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатифро тасаввур мекарданд эшони домулло Мирзо.
Кайҳо боз аз масҷид дигар овози азон баланд намешавад. Муаззини масҷид амаки Эшонча гоҳе аз ҷонаш гузар карда аз баҳри савоб азон мегуфт. Ӯро ҳам бурда ҳабс кардаанд. Саҳни васеи сабзазори масҷид камодам, ба зиёрати мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф, ки пеш, хусусан рӯзҳои чоршанбе, аз деҳаҳои дуру наздик одамони бисёре меомаданд, акнун касе намеояд. Рӯзҳое ки дари масҷидро намекушоянд, намоз хондан, дар масҷид, азон гуфтан, мазорро зиёрат кардан гуноҳи азим. Ин сиёсати ҳукумати Шӯроҳо дар рӯзҳои мо низ нисбат ба масҷиду намозгузорон давом меёфт. Соли 1958-ум мардуми деҳа пул ғун оварда ҷои деворҳои гашта ба замин яксоншудаи атрофи саҳни масҷидро бо хишт девор бардоштанӣ шуданд. Ба кор шурӯъ намуданд. Роҳбарони колхози «Роҳатӣ», кормандони шӯрои ҷамоа аз ин амали мардуми деҳаи Нилкон бохабар шуда ба воҳима афтоданд. Аз тарси он ки дар ноҳия хабар ёфта барои ин амали мардуми деҳаи Нилкон ба ҷазо гирифтор нашаванд, ба масҷид булдозеру трактор оварданд. Деворҳои гирди масҷидро бо булдозер, бо ин мошини азими афсонавӣ ба хок яксон карданд. Хиштҳо зери чархҳои булдозер орд-орд шуданд.

пешина
аз 182
навбатӣ