БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ва боз гӯё фармоиш буда, ки масҷидро ҳам гардонанд. Мардум, ки дар он пагоҳирӯзӣ дар саҳро пайи чобуқи пахта буданд, ин хабарро шунида, ҳама белу каландҳо дар китф ба деҳа шитофтанд. Пирмард эшони Искандархон худро пеши бели булдозер партофтааст. Халқ дар ғазаб, ҳама ба шӯру ошуб омада. Ҳама рӯ ба Душанбе оварданд, пушти дари Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти ҷумҳуриро гирифтанд. Мисли корпартоӣ – митинг.
Аз Кумитаи Марказии ҳизб ҳамон лаҳза роҳбарон, намояндагон, ҳамроҳи милисаҳо, аскарон ба деҳаи Нилкон омаданд. Бо як азоби алиме мардуми ба шӯр омадаро ором кунонданд. Аз Кумитаи Марказии ҳизб Набиев ном шахс роҳбари намояндагони ҳукумат ва ҳизб будааст. Имрӯз ҳам мӯйсафедон номи ӯро ба забон меоранд.
Аҳли деҳаҳои ҳамсоя ва деҳаҳои дури дур ҳам ба деҳаи Оқтоқ ба хабаргирии эшони домулло Мирзо меомаданд. «Ҳазрати домуллоро бинем, зиёрат кунем», мегуфтанд. Муридон дар атрофашон ғун омада, даме он касро танҳо намегузоштанд. Ҳавлии Боймуҳаммади Оқтоқӣ аз пою қудуми эшони домулло Мирзо серодам ва сермеҳмон. Мардум «ҳазрати домулло мусофир шудаанд», гӯён муҳибу меҳрубонтарашон гашта буданд.
Он рӯзи гармои тобистон хонаҳои Оқтоқиён тагу рӯ карда мешуд. «Эшони Мирзо, домулло канӣ?», – истинтоқ мешуданд баъзеҳо. Аҳли деҳа ноором, ноосуда, дар азоб... Албатта дар он лаҳзаҳое, ки одамони ҳукумат ба деҳа даромада, кӯча ба кӯча, хона ба хона даромада он касро меҷустанд, эшон ҷой дигар накарда ҳамин ҷо, дар Оқтоқ буданд. Ҳама медонистанд. Аммо ҷои пинҳоншудаи эшони домуллоро намегуфтанд, намехостанд, ки аз деҳаи онҳо домулло Мирзо дастгир шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё