БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

«Ҳазрати домулло моро гуфта ба Оқтоқ омадаанд, боз коре нашавад, ки ягон кас ҷояшонро гӯяд. Эҳтиёт мешавем, эҳтиёт», ба ҳамдигар мардум таъкид мекарданд.
Аммо нафаре буд аз аҳли деҳа, ки пайи ошкор сохтани ҷои пинҳоншудаи домулло афтода. Ӯ марди маибе, чулоқ. Чулоқи Зубайдулло мегуфтанд вайро. Дар миёни мардуми деҳа ягона одаме, ки ба гапи одамони ҳукумат даромада, мехост ҷои пинҳоншудаи домуллоро аниқ намуда хабар диҳад. Ба вай пул, инъомҳои зиёде ваъда карда будаанд. Чулоқи Зубайдулло аз пайи иҷрои супориш афтода буд. Бо як азобе дар ҳамон лаҳзаҳои гармои рӯз худашро кашида сари кутал, ба баландие баромад. Паси хору буттаҳои янтоқ дароз кашид, пинҳон шуда рӯ ба дару девор, ба хонаҳои аҳли деҳа овард, ки аз ҷои панаҳбурдааш кулли ҳавлию хонаҳои аҳли деҳа чун дар рӯи каф намоён буд. Кӣ рӯи ҳавлӣ мегашт, кӣ дари кулбаашро мекушод ва ё тори бому болои болохонааш мебаромад, ҳамаро чулоқи Зубайдулло медид. Вай куҷо будани домулло Мирзоро муоина дошт. Ана, ҳоло ӯ он касро дар ҳавлии Боймуҳаммад дид. Дид, ки эшони домулло аз дари кулбае берун шуданд, зинаро аз назди дари оғил гирифта тана ба девори болохона гузоштанд. Ва баъд бо як азобе худро ба даруни алафхона кашиданд. Ин манзараро дида ба вай гӯё Худо дод. Саросема рӯ ба қишлоқ овард, кутали баландро нишеб шуд, гоҳе пои маибашро ба замин монда натавониста яклинга роҳ мерафт, меафтод, рӯи хору хас меғелид, мехест. Аз як кӯча ба кӯчаи дигар гузашта, дастаи аскарон, онҳоеро, ки ҳама ҳавлӣ ба ҳавлӣ, хона ба хона сар халонда эшони домулло Мирзоро меҷустанд, мекофт, куҷо будани онҳоро мепурсид, куҳрии аз роҳ кордча ёфтагӣ барин аз дидани ҷои панаҳбурдаи домулло Мирзо ниҳоят шод буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё