БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Зудтар хабар расонда, мукофотро соҳиб гаштан мехост. Ниҳоят онҳоро ёфт, хело пичир-пичир кард, наздиктари дарвозаи Боймуҳаммад рафт, болохонаеро, ки эшони домулло панаҳ шуда буданд, нишон дод.
Аз рӯи нишондоди чулоқи Зубайдулло се нафар бо зинапоя ба болохона баромаданд, дарзаҳои алафро аз рӯи эшони домулло Мирзо гирифта он касро аз болохона ба поён фароварданд. Рӯи ҳавлии Боймуҳаммад аллакай пури аҳли деҳа шуда буд. «Домуллоро ёфтанд, дастгир карданд, кори нохуб шуд, барои мо ҳама аҳли деҳа айб», мегуфтанд одамон ва гӯё барои рух додани ин ҳодиса худро гунаҳкор меҳисобиданд. Эшони домулло Мирзо назди он се нафар марди либоси ҳарбипӯш, ки эшонро аз болохона пешандоз карда ба рӯи ҳавлӣ оварда буданд, бо сари хам меистоданд. Ҳоли раҳмоваре. Сару рӯй, ришу бурутҳои мошубиринҷашон пури хас, ба лабҳои яктаҳи дарози сабзи танашон низ хасу хорҳо часпида. Ба марди руси харобаи қоматбаланде, ки ӯ калони аскарони аз шаҳри Душанбе омада буд, раиси колхоз Карими Баъдӣ ва муовини ӯ Шарифи Бердӣ дар масъалаи эшони домулло Мирзо ким-чӣ мегуфтанд, ба ӯ мефаҳмонданд, ки эшон гунаҳгор нестанд. Одами обрӯманд. Соҳибилм, қувваи ҳофизаашон қавӣ, зеҳнашон тез, Қуръони Каримро сар то охир аз ёд медонистаанд. Китобҳои бисёре хондаанд. Мислашон дар водии Ҳисор набуда.
Раиси колхоз ва тамоми аҳли деҳаи Оқтоқ аз марди рус хоҳиш карданд, ки эшони домулло Мирзоро ҷавоб бидиҳад. Лек ӯ ин хоҳиши онҳоро ба ҷо оварда наметавонист. Вай ҳам аз ҷони худаш метарсид. Эшони домулло Мирзо дар назди ҳукумат одами сиёҳшуда, душмани ҳукумат ҳисоб меёфтанд, гуноҳҳои бисёре ба сарашон бор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё