БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ба ҳар ҳол марди рус бо хоҳиши мардум дар ҳаққи эшони домулло Мирзо некӣ кард. Ҳамон рӯз, он касро пешандоз карда ба Душанбе – ба ҳабсхона набурд. Ба ҷои он кас раиси колхоз Карими Баъдӣ ва боз ду нафар фаъолони колхоз ҳамроҳи одамони ҳукумат ба Душанбе – ба ҳабсхона роҳ гирифта як шаб дар маҳбас хуфтанд, то лаҳзаҳое, ки рӯзи дигар эшони домулло Мирзо худашон вориди ҳабсхона шуданд. Ва баъд Карими Баъдӣ ва дигар Оқтоқиёнеро, ки ба ҷои он кас кафил шуда буданд, ҷавоб доданд.
Дар ёдам монда, ки падарам маро ҳам гоҳ-гоҳе ҳамроҳашон ба Душанбе мебурданд, ба Душанбе, ки имрӯз ҷои кор ва ҷои зисти фарзандон ва аҳли хонаводаамон аст. Савора ба шаҳр мерафтем, аспакӣ, банда дар қанҷиғаи падарам. Он солҳо аз деҳаи мо то шаҳри Душанбе мошин намегашт ва роҳи ҳамвору мошингард ҳам мавҷуд набуд. Аксаран, аспакию харакӣ роҳ мегирифтанд ба шаҳр мардум. Роҳе, ки имрӯз бо мошин дар бадали 10-15 дақиқа тай мешавад. Он вақт хело дароз ва тӯлонӣ менамуд ба назарам. Баъди аз миёни деҳаи Теппаи Самарқандӣ ва сангоби Меҳтарӣ гузаштан се кутали пайи ҳам, ки онҳоро қулча ҳам мегуфтанд, пеш меомад, роҳи пурчангу хок, хок то ба зонӯ. Улавҳо боазоб роҳ мерафтанд, онҳое, ки харакӣ буданд, азобашон зиёд. Хар хоки гармро дида гӯё ҳавасаш меомад, фукашро ба замин бурда хокро бӯй мекашиду бӯй ва баъд хоб мекард. Бори хар агар ангур мебуд, ҳама хирбич мегашт. Сабати ангур таги шиками хар монда умеду орзуи соҳиби онро бар бод медод.
Ӯ бо ғазаб бо халачӯб ба сару гардани хар мезад, аммо бефоида, хар аз ҷояш намеҷунбид, гӯш меҷунбонду сар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё