Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Илоҷ, ки намемонд, роҳакиҳо чандкаса бори харро фароварда, баъд боазоб онро аз ҷояш мехезонданд.
Ҳамин тавр роҳи онрӯзаи мо ба Душанбе дар тобистон пурхок, дар баҳору зимистон лой, пуразоб буд. Аммо дар баҳорон лой ҳам ки мешуд, ба ин роҳ рӯ овардан барои ҳама, алалхусус баҳри банда, хуш меомад. Қадқади роҳ, дар саҳроҳо, заминҳои то ба таги теппаҳо доман паҳнкардаи ду канори роҳ, ки то шаҳри Душанбе расида буданд, сабза ва майсаи гандум дамида, гулҳои лола ва гулҳои ранги баранги бисёре шукуфта.
Осмони болои дашт софу беғубор, нилгун, офтоб баромада, гӯё болои гулу гиёҳҳо рангрезӣ мекард, селаи парандагон аз болои дашт дар парвоз… Банда то ба баландиҳои теппа баромада, гул мечид, нигоҳам ба гулу сабзазорон, ба дуриҳои дур, ба осмони софу беғубор. Аз дур дар миёни дашт дарахте намудор мегашт, дарахти ягона дар миёни дашт. Онро мардум садаи Маликшоҳ мегуфтанд. Дар кадом солҳое он садаро дар ин дашти беобу бедолу дарахт Маликшоҳ ном шахсе шинонда, нигоҳубин карда, дар рӯзҳои гармои тобистон об кашонда, ба он об дода, сабзондааст. Баъд он мард куҷо шуда, фавтида, албатта, фарзандонаш низ дар олам намонда, лек аз ӯ ҳамин сада монда, сада ба номаш, садаи Маликшоҳ.
Мо, бачаҳои хурдсол, он рӯзҳо дар баҳорон бо ин роҳ барои тамошои Иди Май ба Душанбе рӯ меовардем. Либосҳои идона ба бар мекардем, ҷомаи нав – ҷомаи беқасаб мепӯшидем, аз болои ҷома рӯмоли гулдор мебастем, тоқии гулдӯзӣ ба сар мениҳодем. Ҳама хурсанд ба тамошои Иди Май мешитофтем. Ҳам ҳангоми ба шаҳр рафтан ва ҳам дар бозгашт аз шаҳр ҷои дамгириамон зери сада буд. Рӯзҳои гармои офтобӣ саъй мекардем, ки як бало карда худро ба сояи сада расонем.

пешина
аз 182
навбатӣ