ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Симурғи ту аз фасона хоҳад баргашт,
Хаффош машав дар ин ҳавошӣ, тоҷик!
Гӯ, лонаи худ ба Тахти Наврӯз бимон,
Дар торами тоҷу тахти кошӣ, тоҷик!
Эй рошиди роҳи илму фарҳанги ҷаҳон
1 Дар марзи вафо ҳамеша рошӣ, тоҷик!
Бо давлату тахту тоҷу шоҳат дар даҳр Бошӣ, бошӣ! Ҳамеша бошӣ, тоҷик!
15.08.2017
МЕҲАНИ МАН
Дар ҷони ман ниҳон аст ғамҳои Меҳани ман,
Як кӯра ишқи сӯзон мондаст дар тани ман.
Аз торами сари ман дудаш чу мӯй хезад,
Нураш чароғ дорад дар чашми равшани ман.
Бо захмҳои меҳан дар пайкарам равонам,
Як меҳан ормон аст, эй дӯст, дар тани ман.
Таърихи хунфишонро бо тирбори сад қарн
Бардошт бо таҳаммул ҷони чу оҳани ман.
Аз пайкари тавоно як дил Ватан маро монд,
Як дил Ватан, ҳамин бас маъбуду маъмани ман.
Симу зарат бибурданд, бому дарат бибурданд,
Ғофил аз он ки буда хоки ту махзани ман.
Бо ту наҷот бурдам аз вартаи фалокат,
Ишқи ту болу пар шуд, меҳри ту ҷавшани ман.
Вақте ба ҷони сӯзон меоварам ниёиш,
2 Сад меҳр накҳати ишқ ояд зи лозани ман.
1
Рош – марз, сарҳад.
Лозан – самғи хушбӯй, ки ҳангоми ибодат месӯзонанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё