ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ба як бонги ҷарас рафтам, дареғо,
Ба як ҷеғи ҳавас рафтам, дареғо.
Ҳавас як нокасе будаст, ҳайҳот,
Зи пушташ булҳавас рафтам, дареғо.
Сафедӣ мерасад аз мӯсафеде,
Дуои хайру уммеди саъиде.
Чу субҳе медамад мӯйи сафедаш,
Ки аз фардои мо бошад умеде.
Аз ин шаршар чӣ шеванҳо бирезад,
Шабеҳи нолаи занҳо бирезад,
Дареғи ин тани танҳои танҳо,
Ба ин озодагӣ танҳо бирезад.
Биё дарё шаву бо худ маро бар,
Ҳавопаймо шаву бо худ маро бар.
Биё, эй ишқ, бикшо боли шодӣ,
Биё, боло шаву бо худ маро бар.
Сафедӣ зад ба мӯяш, дил сияҳ монд,
Табаҳкорӣ басе кард, ин гунаҳ монд.
Таҳи мардум бикобиду ба таҳ зад,
Таҳи мардум бикобиду ба таҳ монд.
Шукуфон ӯст аз ишқи ниҳонаш,
Фурӯғи ишқ ҷон бахшад ба ҷонаш,
Бубин эъҷози ишқ, аз осмон рехт
Сафо аз остон то осмонаш.
Сафои чеҳраи инсон шавад ишқ,
Фурӯғи зиндагӣ дар ҷон шавад ишқ.
Агар ту тоб орӣ бар таби ӯ,
Зи ҷисму ҷони ту тобон шавад ишқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё