Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Касе оё аз ин дунё хасе бурд?
Ба сад фар гул шукуфон гашту афсурд.
Ҳама кори ҷаҳон подош дорад,
Чу дунё хӯрдаӣ, дунё туро хӯрд.

Агар тухми накӯӣ коштӣ, беҳ,
Агар нозе ба дил бардоштӣ, беҳ.
Бадеро гар накӯ ангоштӣ, беҳ,
Зи ҷамъи ош оши оштӣ беҳ.

Чу шиша гар диле бишкаста бошанд,
Агар онро ба рӯи роҳ пошанд.
Гумонам шишаҳои реза-реза
Дилу ҷони маро ҳам мехарошанд.

Маро аз дасту поям чанд бастанд,
Фиребам дода бо сад фанд бастанд.
Чӣ гуна во кунам банди гираҳро,
Маро гар дар танам бебанд бастанд?

Ба рӯи сар гузорам осмонро,
Ба рӯи шона бардорам ҷаҳонро,
Маро Додор он сон соз бахшид,
Пари боли худам созам замонро.

Зи навмедӣ раҳо рав, роҳ ёбӣ,
Ба чашмонат сафо рав, роҳ ёбӣ,
Зи байни сад бало рав, роҳ ёбӣ.
Ба дил нури Худо рав, роҳ ёбӣ.

Яке бо айн кай бинад аёнро,
Яке бе дида мебинад ниҳонро,
Яке дар ин ҷаҳон ҷойе наёбад,
Яке ҷо карда дар ҷонаш ҷаҳонро.

пешина
аз 218
навбатӣ