Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Биё, бо ҷони поки ман биомез,
Вафо овар, ба ҷони ман сафо рез.
Биё, эй ишқи обонӣ або ман,
Биё, покиза бошад оби пойиз.

Ту рафтӣ, ман бидонистам, ки рафтам,
Ту рафтӣ, бе ту ман кистам, ки рафтам,
Ту рафтӣ, бо худат бурдӣ маро ҳам,
Ту рафтӣ, ман чаро истам, ки рафтам…

Чу шодӣ рафт, ғам моро нигаҳ дошт,
Ҳамин дасти алам моро нигаҳ дошт.
Зи ҷамъи шаҳсутунҳое, ки буданд,
Сутуни як қалам моро нигаҳ дошт.
ОВОИ ШУКУФТАНИ ГУЛИ БАҲМАН
Рубоӣ

Дар сабти дилам ҳазору як шеван ҳаст,
Овои шукуфтани гули баҳман ҳаст,
Гулбонги шикастани дарахти хушке,
Фарёду фиғони рӯдҳо дар ман ҳаст.

Зебосанаме, ки зиндагӣ дорад ном,
Ӯ кист, к-аз ӯ ситонда битвонад ком?
Ӯ мегузарад, ту вола монӣ ба канор,
Ку ҷуръату ку шуҷоату шӯру қиём?!

Ин рӯд, ки аз касолати даврон кост,
Аз арш ҳамеша шӯру мастӣ мехост,
Имрӯз сукут кардаву аз таги ях
Чун аз паси шишае нигоҳаш ба Худост.

Бод омаду аз дарахтҳо бол афшонд,
Ку булбули шӯрида, ки чаҳ-чаҳ мехонд?
Пирии табиат аст, аз ях ин рӯд
Бар дидаи камнуршуда айнак монд.

Ин нур ба тан чу неши занбӯр халид,
Ин нур чу мӯр дар тани ман бидавид,
Парвонаи нурҳои хуршед расид,
Пар-пар бизаду ба соярӯшан афтид.

– Ҷон, ҷон! – гӯён ба ёр ҷон хоҳӣ дод,
Ҷонро ту ба товони ҷаҳон хоҳӣ дод.
Ҳар қадр сабук ба дӯш дорӣ боре,
Он қадр ту ҷони худ гарон хоҳӣ дод.

пешина
аз 218
навбатӣ