ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Як ҳарф забун кунад забони моро,
Як ҳарф навон кунад тавони моро,
Як ҳарф нишон диҳад ниҳони моро,
Як ҳарф азо кунад азони моро.
Дар пушти дари шаби ту ман мондаму барф,
Ҷонро ба сари раҳат ман афшондаму барф,
То субҳи сафо ба рӯи ту ханда занад,
Зулмат зи паси дари ту ман рондаму барф.
Он кист, ки бар самои мо сур овехт,
Ин чатри мунаққаш ба сар аз дур овехт,
Шаб бар сари мо зи моҳ қандил афрӯхт,
Дар гардани шом шадда аз нур овехт?
Аз даҳр муроди худ надидӣ, рафтӣ,
Он чист ба нақди ҷон харидӣ, рафтӣ,
Парвоз ҳамеша орзу мекардӣ,
Аз лонаи ҷисми худ паридӣ, рафтӣ.
Он қадр давидему расидем охир,
Чун ашк ба пои худ чакидем охир,
Дар олами савдогару савдозадаҳо
Мо марг ба ҷони худ харидем охир.
Ман санги даруни синаро афкандам,
Чун санг зи сина кинаро афкандам.
Имрӯз биё, нишоти имрӯз биёр,
Ман ғуссаву дарди динаро афкандам.
Ин растани ман расан надорад охир,
Баргаштану омадан надорад охир.
Гуфтем Ватан, Ватан ба дунё ҳарчанд,
Ҷон дар тани мо ватан надорад охир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё