Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гаҳ панҷаи ту навозишам кард чу барг,
Гаҳ ишқи ту рехт бар сарам мисли тагарг,
Як панҷаи об зан ба рӯям имрӯз,
Як панҷаи хок бар сарам баъд аз марг.

Як ҳарф забона зад чу аз нӯги забон,
Шуд паҳн забонааш даҳон то ба даҳон
Ин гуна яко-як ҳама оташ бигирифт,
Аз оташаки забони мо сӯхт замон.

Бингар, ки ба як ҳушт давидем ҳама,
Имои як ангушт.., давидем ҳама,
Бо худ нарасидем, чӣ суд аз ин дав,
Ҳарчанд ба сад пушт давидем ҳама.

Гар кар шунавад, мон, ки шунидан гирад,
Гар кӯр бидид, мон, ки дидан гирад,
Рози дили худ ба дигарон ҳеҷ магӯ,
Мон, гунг ҳама ҳарфи ту чидан гирад.

Ман омадаам, ки ёр бо ман бошад,
Пайғоми гули баҳор бо ман бошад.
Ман омадаам, ки гирди коре гардам,
То бовари кирдгор бо ман бошад.

Бо зулфи ту он шикан-шикан хоҳад монд,
Бо ишқи ту ёсу настаран хоҳад монд.
Сад ёд равад, ёди Ватан кай биравад?
Сад захм равад, захми сухан хоҳад монд!

Бе бор касе бувад, ки бошад беор,
Бе ор касе бувад, ки бошад бе ёр,
Бардоштани бори гарон коре нест,
Бардоштани дили ятиме душвор.

пешина
аз 218
навбатӣ