ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Гуфтӣ, ки биё чунон ки дил хост, равем,
Бо шеваи ростӣ, ки бо мост, равем,
Ҳарфат ҳама рост, розиям ман, аммо
Аз ин раҳи печу хам чӣ сон рост равем?!
Як умр дилам аз ин ҳақиқат реш аст,
Ҳар лаҳза гумону шубҳа дар мо беш аст,
Некӯии мо зи мо қафо мемонад,
Нафси бади мо ҳамеша аз мо пеш аст.
Озор макун, маро бурун аз оз ор,
Пар-пар бизанам чу мурғаке дар паргор.
Овехта бо ҳукми азал шуд сари ман,
Дар ҳалқаи як оҳ чу дар ҳалқаи дор.
Дар чашми ту меҳри гарми ман буд афзун,
Аз чашми ту ҳеҷ гаҳ набудам берун.
Ашке, ки ту рехтӣ зи чашми мавзун
Бар хок, маро кард нагунсору нагун.
Гар омадаӣ, равон аз ин ҷо набарӣ,
Сад неш хурӣ, нишон аз ин ҷо набарӣ.
Ин ҷо ту фақат биоварӣ, бурдан нест,
Дар мазҳаби ишқ ҷон аз ин ҷо набарӣ.
Ғамро махуред, ғам шуморо бихурад,
Ғам ҳусну назокату сафоро бихурад.
Ғамро махуред, ин ҳашара ёбад даст,
Барги дилу барги ҷони моро бихурад.
Ҳар махзани чашм рози пинҳон дорад,
Сад ҷавҳари қимате дар анбон дорад.
З-ин рӯст, ки бо он ҳама покӣ ҳар чашм
Дар ҳифз қатори теғи мижгон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё