Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пӯшиданиқоб мешавад фош охир,
Найранги сароб мешавад фош охир,
Гар сабр гузораду кушояд лабро
Пӯкии ҳубоб мешавад фош охир.

Он мард, ки дар мадори худ дорад ишқ,
Ҳар ҷо, ки равад зи хеш меборад ишқ.
Сад бори ҷаҳон ба дӯш мебардорад,
Зеро ӯро ба дӯш медорад ишқ.

Маҳ бар тани шаб пираҳани заррин дӯхт,
Шамс омаду оташ бизаду онро сӯхт.
Бо як нафасаш насим кушт оташро.
Бо як нафас оташе аз ахгар афрӯхт.

Аз қомати рост як асо бо мо монд,
Ҳавво чу зи мо рафт, ҳаво бо мо монд.
Онон ки ба аҳд ҳамдили мо буданд,
Рафтанд ҳама, фақат Худо бо мо монд.
МОДАРНОМА

ГУЛБАРГИ БАҲОР АРМУҒОНИ МОДАР

ҚИТЪАҲО

Мешукуфад зиндагӣ бо хандаи лабҳои модар,
Бод қандил чеҳраи фарзанд дар шабҳои модар.
Қатра-қатра рехт модар бедареғе бар сари ту,
Бедареғ афшон дилу ҷонро ба пеши пои модар!

Меҳри модар бо ҳазорон ранг резад бар сарам,
Гар бирезад ашки модар, нанг резад бар сарам.
Гар бирезад ашки модар, ҳайфи дунё, ҳайфи ман,
Санг резад, санг резад, санг резад бар сарам.

Гум занад дил, чун бубинам манзилу маъвои модар,
Ҳеҷ чизе менагирад дар ду дунё ҷои модар.
Кист хушбахте, ки резад ҷони худ дар пои модар,
Оҳ, вовайлои модар! Оҳ, вовайлои модар!

Нону обам, нону обам, нону обам модарам буд,
Тобиши хуршед андар тоби тобам модарам буд,
Бими торикӣ куҷо дар торами ман буд, шабҳо
Офтобам, офтобам, офтобам модарам буд.

Раҳнамои ман дили огоҳи модар будааст,
Нури ҷонам аз рухи чун моҳи модар будааст.
Нимаи шабҳо балогардони ҷисму ҷони ман
Оҳи модар, оҳи модар, оҳи модар будааст.

пешина
аз 218
навбатӣ