Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғайрати ман, зӯри ман, тамкини ман – модар!
Зиндагии дилкашу ширини ман – модар!
Ҳастии озодаву озини ман модар!
Эътимоду мазҳаби ман, дини ман, модар!

Бар забон орам, сафо ёбад равони ман,
Бар даҳон гирам, шавад шаҳди забони ман,
Ин қадар эъҷоз дорад вожаи «модар»,
Вожа не, ҷон аст андар умқи ҷони ман.

Ин қадар ин хона холӣ, ин қадар олам тиҳист,
Дигар акнун нест модар, нест модар, нест, нест.
Модаро, танг аст бе ту ин ҷаҳони бекарон,
Модаро, бе ту ҷаҳон мисли сарои бедарест.

То бувад, қадраш бидон, дигар нахоҳӣ ёфт,
Бо ҳазорон симу зар модар нахоҳӣ ёфт.
Ҷони худ фонус созӣ дар суроғаш, лек
Дар ба дар гардӣ ҳам, аз як дар нахоҳӣ ёфт.

То раҳӣ аз макри дунё, ёди модар кун,
Бад магӯ аз пушти занҳо, ёди модар кун.
Ёди модар медиҳад зӯру тавони нав.
Гар шавӣ танҳои танҳо, ёди модар кун.

Байни мову дард сарҳад модар аст,
Ҷавшани мо аз ҳама бад модар аст.
Аз ҳама волотарин арзиш, ки ту
Ҷон ба он бахшӣ, биарзад, модар аст.

Нест гар модар, ягон фар нест, нест.
Зиндагӣ арзанда дигар нест, нест.
Ҳадяе волотар андар ин ҷаҳон
Аз табассумҳои модар нест, нест.

пешина
аз 218
навбатӣ