ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Вожаи зебо басе омад падид,
Вожае зеботар аз модар кӣ дид?
Вожае, ки дар лабам чун гул шукуфт,
Мисли субҳи тоза дар ҷонам дамид.
Қаҳрамон бисёр дар баҳру бар аст.
Қаҳрамоне бо басе фахру фар аст,
Шарм бояд кард пеши модарон,
Қаҳрамон гар ҳаст, танҳо модар аст.
Ҳар куҷое аз ту рафтам ноаён,
Модаро, сӯят паридам парзанон.
Бин, ки ҳатто мурғакон баргаштаанд,
Лонаи модар нарафт аз ёдашон.
Модар оғоз аст, оғози Худост.
Қалби бозаш чун дари бози Худост
Ҷуз Худо ӯ кист, к-одам офарад?
Дасти модар дасти эъҷози Худост!
Он яке як кохи мубрам офарад,
Дигаре қасре муназзам офарад,
Модар андар ду саду ҳаштод рӯз
Аз матои ишқ одам офарад.
Вожаи сеҳрофаринам модар аст,
Раҳнамои озаринам модар аст.
Аввалин ҳарфам, ки модар будааст
Боз ҳарфи охиринам модар аст.
РУБОИҲО БАХШИДА БА МОДАР
Як ишқсиришта нест ғайр аз модар,
Гар ҳаст фаришта, нест ғайр аз модар.
Сад ҷабру ҷафои зиндагиро дида,
Ҷуз меҳр накишта нест ғайр аз модар.
Модар, модар, боғи гулафшони манӣ!
Дар даҳр агар наӣ, ту дар ҷони манӣ!
Дар даҳр агар наӣ, ту ҳастӣ ҳама ҷо,
Ҳар лаҳзаву ҳар нафас нигаҳбони манӣ!
Хушбахт ҳамон хона, ки модар дорад,
Файзу фараҳу нишоти дигар дорад.
Дарҳои сафо ҳамеша бозанд дар он,
Модар дорад, умеду бовар дорад.
Бигзор раванд солҳо, мон, модар!
Файзу фараҳу нур бияфшон, модар!
Ҳатто, ки агар равӣ, нарав аз дили ман,
Хуршед шаву насиму борон, модар!
Дар хеш ту нӯҳ моҳ медоштиям!
Се сол зи рӯйи даст нагзоштиям!
З-он баъд, ки ман равон шудам, модари ҷон,
Пешораҳи ман умед мекоштиям!
Чун ҷони ту дард кард, «модар» гӯӣ,
Дар мушкилу дар набард «модар» гӯӣ,
Дар базму тараб надорӣ ёд аз модар,
Дар ҳаҷр ба рӯи зард «модар» гӯӣ.
Чун номи Худо дар лаби тифлон, модар!
Чун дасти раҳо аз чаҳу зиндон, модар!
Он гаҳ ки барояд аз лабат ҷон берун,
Ояд ба лаби ту боз чун ҷон: – Модар!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё