ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Модар, модар, ягонаӣ баъди Худо,
Танҳо туӣ одамофарини якто.
Модар, модар, зимоми оламро гир,
Аз дасти бадон тамоми оламро гир.
ДУБАЙТӢ ДАР ВАСФИ МОДАР
Ҳама дигар шавад, модар ҳамон аст,
Ҳалиму хайрхоҳу меҳрубон аст.
Ҳама дар фикри дунёянд, танҳо
Фақат модар ба фикри тифлакон аст.
Наӣ огаҳ зи ҷони реши модар.
Чаро бегонаӣ аз кеши модар?
Чу хушвақтӣ, равӣ сӯи рафиқон,
Чу бадбахтӣ, биёӣ пеши модар.
Ба мо бахшид модар боварашро,
Ҳама меҳри дилу нуру фарашро,
Дар олам модареро бад нагӯяд,
Касе ки дӯст дорад модарашро.
Фурӯғи нур дар шоми гарон чист?
Суруди мурғакони хушзабон чист?
Ҷаҳон бе ишқи поки модарон чист?
Агар модар набошад ин ҷаҳон чист?
Бупарвардӣ маро бо хушзамирӣ,
Расидам бо ҳамин нурат ба пирӣ,
Ман акнун боз тифлам, тифл, модар,
Куҷоӣ, то ки аз дастам бигирӣ.
Маро модар ба сар шамсу қамар буд,
Ҳама шому саҳар болои сар буд.
Падар модар натонад буд ҳаргиз,
Вале модар тавонад ҳам падар буд.
Касе монанди модар сахтҷон нест.
Касе бораш чу бори ӯ гарон нест.
Бидонӣ ҳеҷ овое дар ин даҳр
Баланд аз набзи қалби модарон нест.
Маро вопас ба он гаҳвора оред,
Канори модари ғамхора оред,
Аз он сарчашмаам як қатра бахшед,
Аз он перояам як пора оред.
Умеду эътиқоду бовари ман,
Шукӯҳу нусрату файзи дари ман,
На як рӯзу на як моҳу на як сол,
Ҳама умрам фидои модари ман.
Маро, бахти маро маъвост модар,
Шукӯҳу файзи ин дунёст модар.
Агарчи осмон хеле баланд аст,
Вале болотар аз болост модар.
Ту рафтӣ? На! Ту мондӣ модари ман,
Ҳамеша дар дили ман, дар сари ман.
Ҳамин ёдат маро пирӯз дорад,
Ҳамин ёдат бувад болу пари ман.
Шукӯҳу бахту бовар доштам ман,
Ба кохи бахт минбар доштам ман.
Ҷаҳон дар зери болам буд, зеро
Ки боли меҳри модар доштам ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё