ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
БО ТУ, МОДАР,
ТОҶИКИСТОН ЗИНДА МОНД!
Модари тоҷик, чӣ ранҷу дардҳое дидаӣ!
Бо ҳама мардонагӣ номардҳое дидаӣ!
Сӯхт хоки меҳанат сад бору армонат насӯхт,
Сӯхт ҷонат, сӯхт ҷонат, лек имонат насӯст.
Хуни тифлони туро дар пеши чашмат рехтанд,
Хоки бунёди туро дар лобалоят бехтанд.
Бо ҳама ин ҷабрҳо покиза домони ту монд,
Решаҳои миллат андар решаи ҷони ту монд.
Эй зани тоҷик, зани фарзонаи давру замон,
Эй фаришта, эй расида чун атои осмон!
Бо шуҷоат, бо шаҳомат, бо шукӯҳи беназир,
Доштӣ фардои миллатро чу ҷон андар замир.
Некмардони ту бар олам фазилат бурдаанд,
Панду андарзу паёми илму ҳикмат бурдаанд.
Модари аллома Синоиву моми Рӯдакӣ,
Модари Хайёму Саъдӣ, ҷумла мардони закӣ.
Аз ту руста Шераку Деваштичу Испитамон,
Аз ту руста родмардиву футувват дар ҷаҳон.
Ин туӣ, сарчашмаи бунёди сад фазлу ҳунар,
Ҳар ҳунарро ҳифз дар худ кардаӣ ҳамчун гуҳар.
Зинда бо ту монд, модар, оташи ин хонадон,
Ин туӣ, ганҷинадори ҷашнҳои бостон.
Ин ҳама ойину суннат бе фари ҷони ту нест.
Ҷашни Наврӯзу Сада бе файзи дастони ту нест.
Бо ту ойинҳои рахшони ниёкон зинда монд,
Бо ту модар, Тоҷикистон, Тоҷикистон зинда монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё