ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ДАР ИДИ ҚУРБОН
Рубоиёт
Файзу фараҳу шукӯҳи Яздон омад,
Ёр омаду дар вуҷуди ман ҷон омад.
Қурбонии ман ба ҷуз дилу ҷонам нест,
Қурбони туям, ки Иди Қурбон омад.
Эй кош, Худованд нигаҳбонат бод!
Осоишу ишқу меҳр арзонат бод!
Дастам наравад ба забҳи ҷонвар ҳаргиз,
Ҷоне, ки ба тан марост, қурбонат бод!
Андӯҳу нишоти мо худаш қурбонист,
Ҳастиву мамоти мо худаш қурбонист,
Иди ману туст Иди Қурбон, зеро
Ҳар рӯзи ҳаёти мо худаш қурбонист.
Қурбони туям, нигор, қурбони туям!
Дар домани нангу ор қурбони туям!
Ҳар рӯз бигӯ, ки Иди Қурбон бошад,
Ҳар рӯз ҳазор бор қурбони туям!
ДАР СИТОИШИ ДӮСТӢ
Дубайтӣ
Умеди ман дар ин дунё бувад дӯст,
Маро болотар аз боло бувад дӯст.
Мақоми дӯстро чун арза дорам,
Ки дар ҳар қатра хунам ҷо бувад дӯст.
Чароғам дар дили шабҳо туӣ, дӯст!
Умеди ҳозиру фардо туӣ, дӯст!
Сутуни эътиқоду эътимодам,
Сутуни бовари дунё туӣ, дӯст!
Маро ду дидаи бино бувад дӯст,
Маро дар баҳри ғам мино бувад дӯст.
Наҷустам симу зар, ман дӯст ҷустам,
Беҳин ганҷи ман аз дунё бувад дӯст.
Маро дидори ту некӯст, эй дӯст,
Замини ту маро минӯст, эй дӯст.
Нагардад ҳеҷ гаҳ ҷони ману ту
Ҷудо аз як тану як пӯст, эй дӯст.
Диёри мо диёри сулҳу ёрист,
Диёри меҳру ишқу дӯстдорист.
Ба хокаш дона резад, ишқ рӯяд,
Аҷаб пурфайзу пурэҳсон диёрест!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё