ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ГУЗАШТИ УМР
Дубайтӣ
Дареғи ҳар даму ҳар рӯзи ҷонам
Чакидам ҳамчу ашк аз дидагонам.
Чу барги вопасин дар шохаи умр,
Ба д-ин ҳасрат, ки монам ё намонам?..
Саҳар омад, маро мисли саҳар кард,
Мунаввар кард, дар худ ҷилвагар кард.
Шамол омад, ҳазорон барги ман рехт,
Хазон омад, маро бе бору бар кард.
Шигифто, кай баҳорам омаду рафт?
Баҳори файзборам омаду рафт.
Тамоми умр будам интизораш,
Хабар аммо надорам, омаду рафт?..
Биё гуфтам, баҳорон омаду рафт,
Бигуфтам: бор, борон омаду рафт.
Чӣ чора, чор чашмам дар раҳаш чор,
Надидам лек, чун ҷон омаду рафт?..
Ту медонӣ, ки ман кай зистам, кай?
Бубин ман будам, акнун нестам. Ҳай!
Давидам аз қафои зиндагонӣ,
Куҷо шуд, з-ӯ на пайдо ҳасту не пай?
Бигӯ, эй дӯст, ман будам, набудам?
Чу гулхан будаму акнун чу дудам.
Дар ин саҳна ду бозигар: ману умр,
Маро бисруд, ман ӯро сурудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё