Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САВГАНДИ МАРЗБОН

Ин марз, ки марзи шарафу имон аст,
Марзи Ватани ман аст, марзи ҷон аст.
Сар то қадамам вафо ба савганди Ватан,
Ҷонам сипари баэътимоди он аст.


Дар марзи Ватан нигоҳбони Ватанам.
Ман дар тани ин Ватан чу ҷони Ватанам.
Аз сарҳади ҷисми ман убур натвон кард,
Ман бораи ору ормони Ватанам.


Ин пайкари ман қалъаи шони Ватан аст.
Тобу таби ман тобу тавони Ватан аст.
Ҳар қатраи хуни тану ҳар зарраи ҷон
То лаҳзаи охирин аз они Ватан аст.


Ифтихор аз хеш дорам, марзбони меҳанам,
Чашми ӯям, гӯши ӯям, ҷисму ҷони меҳанам.
Чун сипар дар ҷисму ҷони Меҳани худ пойдор,
Ҷавшани боэътимоде дар равони меҳанам.

МАРО ШОДОБ КУН, ВАРЗОБ

Маро шодоб кун, дарёи Варзоб!
Диламро об кун дар пойи Варзоб!
Сафо бурдан ба ҳар хона ба ҳар марз,
Ҳамин бошад, ҳамин маънои Варзоб.


Дилам парвоз хоҳад сӯи Варзоб,
Бубин рӯйи биҳишт аз рӯи Варзоб.
Гулистон шуд, гулистон шуд Душанбе,
Зи файзи нусрати паҳлӯи Варзоб.

пешина
аз 218
навбатӣ