Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ангезаи ҷони ошиқон Варзоб аст,
Варзоб, ҷаҳони ошиқон Варзоб аст.
Аз ҳар сари санг, аз канори ин рӯд,
Парвозгаҳе ба бекарон Варзоб аст.


Варзоб, канори ту ман обам, Варзоб!
Бо ту ҳама умр дар шитобам, Варзоб!
Ман файзи ту мебарам, ту ишқи дили ман,
Аз тозагият сафо биёбам, Варзоб!


Эҳёи дилу ҳузури ҷон Варзоб аст,
Покиза паноҳи ошиқон Варзоб аст.
Варзоб, ки табъи сабзу болидаи мост,
Гар ҳаст биҳишт дар ҷаҳон Варзоб аст.


Биё, ҷонам, ки дар Варзоб бошем,
Биё, чун обҳояш об бошем.
Биё, чун мавҷҳояш печ дар печ,
Ба ҳам печида чун гирдоб бошем.
9.03.2012
ҲИСОРИ МАН

Эй чашмаҳои ту оинадори ман,
Эй домани биҳишт,эй марзи ори ман,
Эй зербуни шаън,асли мадори ман,
Мулки Ҳисори ман,
Мулки Ҳисори ман!

Ҷорист савти ишқ аз ҷӯйбори ту,
Дуёст беканор андар канори ту,
Резад навои ишқ, резад сафои ишқ
Аз тору пуди ту, аз пуду тори ман,
Мулки Ҳисори ман!

пешина
аз 218
навбатӣ