ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Эй бораи умед, эй меҳри мондагор,
Эй хоки бихрадон, эй мулки зарнисор,
Ҳар родмарди ту бошад манори ман,
Мулки Ҳисори ман,
Мулки Ҳисори ман!
Гар Қалъаи ту рехт, ман қалъаи туям,
Кохи шукӯҳи туст аз эътибори ман,
Бодо ҳисори ту ҷони нисори ман.
Мулки Ҳисори ман,
Мулки Ҳисори ман!
Шаҳди ҳазор ишқ аз обу хоки туст,
Гелоси шаҳдрез аз хоки поки туст,
Ангурзори ман, боғи анори ман,
Мулки Ҳисори ман,
Мулки Ҳисори ман!
Эй шаҳдрези тут, эй меҳани дуруд,
Эй озарахши меҳр дар шоми тори ман,
Резад навои ту аз тор – тори ман,
Мулки Ҳисори ман,
Мулки Ҳисори ман!
Оби шифои ту ҷон медиҳад маро,
Хоки муқаддасат нон медиҳад маро,
Эй мулки бонамак, эй зарнисори ман,
Мулки Ҳисори ман,
Мулки Ҳисори ман!
ШЕЪР ГУФТАН – ЗИСТАН
Шеър гуфтан бӯса киштан дар баёзи зиндагист,
Ояи некӣ сурудан дар намози зиндагист.
То бирӯяд лолагул дар ҳотаи пиндорҳо,
Ҳулбаву райҳон дамад дар вотаи пиндорҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё