Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гул бирӯяд дар лабу дил бо нидои: Ишқ!Ишқ,
Дил шавад як пораи гил бо нидои: Ишқ! Ишқ.

Шеър гуфтан-зистан дар ҳар нафас, дар ҳар ҳавас,
Як абад бунёд кардан аз ҳазору як абас.

Шеър гуфтан вожаҳоро болу пар бахшидан аст,
Шаҳпаракҳои нафасҳоро сувар бахшидан аст.

Шеър гуфтан бо таҳорат рӯ ба Ҳақ овардан аст,
Бо ҳарорат, бо ҷасорат рӯ ба Ҳақ овардан аст!
19.09.2015

ҲАМШИРАҲОИ ШАФҚАТ

Ин қомате, ки равшан
Бо хилъати сафед аст,
Ин чеҳраи дурахшон,
Саршор аз умед аст.

Аз рӯяшон бирезад
Бар мо сафои шафқат,
Кони латофату меҳр,
Ҳамшираҳои шафқат.

Дасте пур аз навозиш,
Чашме пур аз таровиш.
Аз меҳрашон биёбад
Ҳар дарду ранҷ коҳиш.

Лутфи Худост гӯё
Дасти сафои шафқат,
Бо меҳру лутфу раҳми
Ҳамшираҳои шафқат.

Рӯйе, ки нур дорад,
Ҳарфе, ки сур дорад,
Ҷону вуҷуди бемор
Аз он ҳузур дорад.
Бишкуфта хайру эҳсон,
Дар лобалои шафқат.
Бо хайру бо сафоянд
Ҳамшираҳои шафқат.

Дидорашон чу ид аст,
Дар рӯяшон навид аст,
Файзу умеду нусрат,
Дар хилъати сафед аст.

Бахшанд ҳастии худ Умре барои шафқат Зебову меҳрубонанд Ҳамшираҳои шафқат.
21.11.2012.

ПАДАР

Падарам, файзи дари мо будӣ,
Набзи ҷону ҷигари мо будӣ.
Рӯи мо буд зи рӯят рӯшан,
Падарам тоҷи сари мо будӣ.

Меҳри ту чун фари Меҳан бо мост,
Ёди рӯи ту чу гулшан бо мост.
Эй падар, эй чамани тифлии ман,
Эй муқаддас ватани тифлии ман.

Шаҳчаноре ба дари мо будӣ,
Шаҳсутуни ҳама дунё будӣ.
Қоматат қомати адлу инсоф,
Бораи нангу таманно будӣ.

Ҳар каломи ту падар, қанде дошт,
Ҷилваи зикри худовандӣ дошт.
Гулфишон гулшани ёдат бо мост,
Ёди ту мисли саодат бо мост.

пешина
аз 218
навбатӣ