Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Атри хоки Ватан аз домонат,
Файзи меҳри Ватан аз чашмонат
Рехт бар мо фараҳи фирӯзӣ,
Нури ҳақ аз гуҳари имонат.

Эй падар, ёди ту худ сарвари мост,
Қуввати дил, фараҳи пайкари мост.
Адлу инсофу садоқат бо мост,
Чунки ёди ту, падар, довари мост.
21.11.12.

ИН САНГҲО

Ин сангҳо муҷассамаи дарданд,
Ин сангҳо забонаи андӯҳанд.
Ин сангҳо чу мушти гираҳбаста,
Дар мушти пуштаҳо ба сари кӯҳанд.

Дарди фироқи миллати тоҷикро Дар умқи ҷони хеш ниҳон карданд, Ин сангҳо навои хамӯширо Бо розҳои хуфта забон карданд.
10.05.2013.

ТАРС

Аз тарс натарсед, ки ин тарс шумоед,
Яъне, ки пур аз шубҳаву дар заъфу балоед.

Тарсе, ки зи ҷое набувад аз худатон аст,
Дар ҷони шумо хуфтаву дар мағз ниҳон аст.

Ин тарс чу бархост, шумо лолу забунед,
Бе ҳиммату бе қимату абгору нагунед.

Аз тарс чӣ тарсед, ки тарс ин худатонед,
То чанд дар ин тарс ниҳонед, ниҳонед?

пешина
аз 218
навбатӣ