ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Чӣ лутфе кард, айни муддао кард,
Ки зикре аз Худои раҳнамо кард.
Ки яъне дар ниҳоди ӯ Худо ҳаст,
Худованди ба каф ҳукми қазо ҳаст.
Аё, эй ман, аё, эй ман, аё, ман!
Баро берун кунун аз ҳабси ин тан!
Манатро кун манори адлу инсоф,
Биполо хешро чун рӯд, шав соф.
Ба ҳар анҷом як оғоз бошад,
Ҳанӯз он дар ба рӯят боз бошад.
Бирав, бар хеш оғози наве ёб,
Ба боли сидқ парвози наве ёб.
Раҳо шав, то раҳими хеш бошӣ,
Мақоми мустақими хеш бошӣ.
Ба ин боре, ки дорӣ андар ин тан,
Чӣ душвор аст бар манзил расидан!
Раҳо шав, то равои хеш гардӣ,
Ба худ о, то Худои хеш гардӣ.
Худо кам гӯ, худ акнун бо Худо бош,
Дарат во кун, дилат во кун, раҳо бош.
ХУДОИ МО Худованди Карим аст,
Ки бахшоянда Раҳмони Раҳим аст.
Равад ҳар кас ба сӯяш бо умеде,
1
«Надорад кас аз ин дар ноумедӣ»
Дари бахту ҳаёти мо ҳамин аст,
Дари рӯзи наҷоти мо ҳамин аст.
Ба ин дар ҳар гаҳе худро расонӣ,
Худат, танҳо худат мифтоҳи онӣ!
Декабри соли 2015
Мисраъ аз «Мунозира бо Худо»-и Носири Хусрав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё