Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту дар чоҳи гуноҳи худ фитодӣ,
Ту дар гирдоби оҳи худ фитодӣ.
Чу дар пешаш гунаҳгорӣ саропо,
Чӣ ҷои ин ҳама исёну даъво?
Худои мо худаш андар худи мост,
Худо дар мову бе мо лек танҳост.
Ту акнун аз Худо не, аз худат нол,
Ки афкандӣ ту худро дар сияҳчол.

ВУҶУДИ МО чу майдони набард аст,
Ту медонӣ, дар ин майдон кӣ мард аст?
Дуӣ дар мо ҳамеша ҷанг дорад,
Чу шайтон аз дарун найранг дорад.
Ду ёр андар диле маъво наёбанд!
Чу дар як мӯза ду по ҷо наёбанд?
Чӣ банди макри шайтонӣ? Раҳо шав,
Биё, як-як зи ҳар бандаш ҷудо шав.
Гумон чоҳест, аз ин чаҳ ҳазар кун,
Ҳаме дур аз канори ӯ гузар кун.
Дарунат ҳирс чун хирс аст бедор,
Зи чанголи бадаш худро нигаҳ дор.
Бидон, к-ин кина дар ҷонат чу мор аст,
Бахилӣ дар ниҳодат аждаҳор аст...
Қиёмат чист? Подоши ману туст,
Ҷавоби ҷумла пархоши ману туст.
Ҳамин ду дидаи во худ дари мост,
Само андар самое бар сари мост.
Ту аз ин дар бурун ову раҳо шав,
Бимон худро, зи худ сӯи Худо шав.
Ба нур андар нигаҳ дӯзӣ, шавӣ нур,
Дилу ҷонат шавад аз нур масрур.

ЧУ БАР ИН ҷо расидам, як садо шуд,
Ба сӯи ман ишорат аз Худо шуд.
Садо омад аз он озода Хусрав,
Ки ҳарфи кӯҳнааш бошад ҳама нав.

пешина
аз 218
навбатӣ