ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Гаҳ модаву гаҳ наранд, гаҳ хунсо
1 Бо ҳамнасаби заған чӣ бояд кард?!
Бо ҳам чӣ далеру тунд, бо душман
Сад ларза ба ҷону тан, чӣ бояд кард?!
Ҳар сӯ бикашӣ чу обҳо ҷорист,
Гаҳ муслиму гаҳ шаман, чӣ бояд кард?!
Бар авҷи фалак расад фукаш имрӯз,
Бо ин ҳама лофзан чӣ бояд кард?!
Сад деги бало ба ҷӯш меояд
Дар оташи ин даҳан,чӣ бояд кард?!
Бубрида сари худаш ба душман бурд
Бардошта бо лаган, чӣ бояд кард?!
То чанд зи дигаронӣ домангир
Дар доманаи даман?! Чӣ бояд кард?!
Он сӯ ҳама вартаи фалокатҳост,
Ин сӯ туву ман, Ватан, чӣ бояд кард?!
04.03.2012
ДИЛАМ МЕТАРСАД
Аз ришваву аз риё дилам метарсад,
Рӯ кун ба Раб, аз рибо дилам метарсад.
Гӯри шарафи кист даҳони носер?!
Аз ин чаҳи нораҳо дилам метарсад.
Фарёд зи коми нафси носер, к-аз ӯ
Чун аз дами аждаҳо дилам метарсад.
1
Парандаест, ки аз рӯи ривоятҳо соле нар бошад, соле мода. Чунончии Анварӣ гӯяд:
Рӯзгоро чун зи анқо менаомӯзӣ ҳаёт,
Чун заған то чанд соле модаӣ, соле нарӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё