Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дорад ба даҳони худ даҳ ангушт, эй дод!
Аз даҳшати ин дағо дилам метарсад.

Гар зиндагӣ хӯрдан асту мурдан, ҳайҳот!
З-ин ҳастии бебақо дилам метарсад.

Ин кибри киборзодаҳо аз ҳад рафт,
Аз кинаи кибриё дилам метарсад.

Ҳоло, ки ҷаҳон ба коматон мегардад,
Аз оқибати шумо дилам метарсад.

Тарсу наяму набудаам тарсу ҳеҷ,
Лек аз ғазаби Худо дилам метарсад
07.03.2012

ОМАДУ РАФТ

Хез аз хоб, саҳар омаду рафт,
Қадри худ дон, ки қадар омаду рафт.

Осмоне, ки гуҳарафшон буд,
Шаби хобат ба гузар омаду рафт.

Ҳайфи ин ҳастии дурӯзаи мо,
Чу мусофир ба сафар омаду рафт.

Ҳайфи умре, ки ба д-ин бетарафӣ
Ба ҳузуру ба ҳазар омаду рафт.

Ҳайфи он қомати тире, ки ба даҳр
Ҳамчу тири ба ҳадар омаду рафт.

Бар сари меҳани хушбовари ман
Чӣ қадар селу хатар омаду рафт.

Хоки мову ту нашӯрид, дареғ,
Гарчи сад шӯру шарар омаду рафт.

Мурғи беболу паре шуд боғам,
Ҷаҳл дар даст табар омаду рафт.

пешина
аз 218
навбатӣ