ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Дар бубастӣ, на ғарибу на гадо,
Бахти ту аз паси дар омаду рафт.
Нест исонафасе дар раҳи мо,
Ҳазрати Хизр магар омаду рафт?
Бетафовут нигаристиву нишот
Қатра-қатра ҷӣ қадар омаду рафт.
Қадари мо чи қадар беқадр аст,
Варна сад шасу қамар омаду рафт.
Мерасад навбати Мункар ва Накар,
Зиндагӣ чун ба зарар омаду рафт...
18.02.2012
ВАТАНАМ ЧАШМАИ ПОК АСТ
Ватанам, чашмаи пок аст дили мардонат,
Покҷонӣ ту ҳанӯз аз нафаси поконат.
Як нафас хез зи афсун тани худро афшон,
То бирезад ҳама огарди бари домонат.
Сар ба сар бо сари чун сарви шуҷоат хезем,
Сина бар боди ҳаводис, надиҳем осонат.
Боз Наврӯз расиду ҳама пирӯзи худанд,
Мешитобанд ба сӯи ту ҳама пазмонат.
Ошиқи аъанаву суннати волои туянд,
Оламиён ҳама гирд омада гирди хонат.
Гар адӯ бурд ҳама ганҷу зару симатро,
Натавонист барад нақди туро аз ҷонат.
Нақди бунёди накӯ, суннати мардони шариф,
Нақди меҳрест, к-аз он пур шуда дастархонат.
Хокбориш ба сарат борад агар боке нест,
Барад огарди туро оби зулолафшонат.
21.02.2012

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё