Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гуфтам, бас аст хизмати аъдо, зи баъди ин
Хизмат ба халқи хеш гузорам, чаро нашуд?!

Гуфтам, равам ситора биёрам аз осмон,
Дар пеши пойи ёр гузорам, чаро нашуд?!

Гуфтам, тавораҳои тавони ман аст халқ,
Берун раҳам зи банди таборам, чаро нашуд?!

Гуфтам, ки аз асорати сеҳрат раҳо кунам,
Исосифат равам ба исорам, чаро нашуд?!

Гуфтам дар ин диёри худодод баъд аз ин
Чун дар биҳишт по бигузорам, чаро нашуд?!

Гуфтам, ки ин таассуби миллаткуши туро
Монам каноратар зи канорам, чаро нашуд?!

Ҷӯйе канам, зулолии оби нишотро Бар ташнагони ишқ биёрам, чаро нашуд?!...
08.02.2012

БАҲОР МЕРАСАД

Баҳор мерасад, туро дубора зинда мекунад,
Намои дилбаре ба як назора зинда мекунад.

Ғами ту ханда мекунад ба дарду ғусаи ҷаҳон,
Фурӯғи дил туро ба як шарора зинда мекунад.

Навои сози ҷӯйбор, ҳавои хандаҳои ёр,
Садои нойу таблаку нақора зинда мекунад.

Умед медамад чу субҳ, аз он ки ҳастии туро
Азони мурғак аз сари манора зинда мекунад.

Туро садои рӯиши гули ҳавас дар умқи ту,
Садои тифлак аз паси тавора зинда мекнад.

Анори дил фишурдаам, ба саҷдаи ту бурдаам,
Асири ғам, туро ҳамин усора зинда мекунад.

пешина
аз 218
навбатӣ