ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Агар низору хастаӣ, нигори зиндагӣ туро
Ба бӯсаву ба хандаву ба зора зинда мекунад.
Ҳалол бодат ин ҳулӯли ҳолаи ҳалоли ишқ,
Ки ин ҳамидагӣ туро ҳамора зинда мекунад.
ОХИР
Ишқро рӯзе ҳавас дар кӯйи шайтон карду кушт,
Бахтро охир хусумат хонавайрон карду кушт.
Дӯст чун оина ҳақ мегуфт, мегаштӣ малӯл,
Душман оғӯшат гирифту бӯсаборон карду кушт.
Ҳирс, гарчи то баландиҳои мансаб бурд, лек
Аз сари он қуллаҳо як рӯз ғелон карду кушт.
Тири нафрат чун нашуд, тири муҳаббат кор дод,
Хандамаргаш кард, яъне сахт хандон карду кушт.
Гулханашро як насим афрӯхт то авҷи само,
Ахгарашро он насим охир парешон карду кушт.
Ӯ ба як дасташ гирифт аз дастат, оғӯшат кашид,
То ба дасти дигари худ теғ пинҳон карду кушт.
Кӯлабори умри ӯ пур аз надоматҳои умр,
Хотироташ охир ӯро тирборон карду кушт…
БА КУҶО МЕРАВӢ
Ба куҷо меравӣ, ин зам-зами боронро бар,
Рӯҳи хуршедии гулҳои кӯҳистонро бар.
Рози ногуфта ба лаб накҳати шодӣ дорад,
Ту сукути лаби гулҳои сухандонро бар.
Ишқи шӯрида ҷаҳонро ба ҷунуне гирад,
Сипари ҷон-т бикун, нусрати ҷононро бар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё