Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Умеди мо бар он буд, савораҳо биёянд,
Савораҳо расиданд, савораҳо дурӯғанд.

Гадои кӯю барзан ба ғайри як ду се тан,
Ки шиштаанд дар раҳ ба зораҳо, дурӯғанд.

Ба дасту по давидам, ки ҳоҷате барорам,
Ба чашми хеш дидам, ки чораҳо дурӯғанд.

Нашуд ба ҷуз ба пора илоҷи чора чора,
Харидамансабоне ба пораҳо дурӯғанд.
07.11.2015

ЧУН АШК БА ПОИ ХУД

Дунё на палид аст, палид инсон аст,
Бар фитнаву фисқу ғам калид инсон аст.

Асрори Худо пеши ҳама манзур аст,
Оне, ки ниҳони Ҳақ жакид, инсон аст.

Некии Худо чун гулу райҳон сабзид,
Оне, ки ба досаш даравид, инсон аст.

Оне, ки ба теша решаи хеш бизад,
Чун ашк ба пои худ чакид, инсон аст.

Оне, ки бихӯрд оламу сер нашуд,
Оне, ки бихӯрду накафид, инсон аст.

Оне, ки ҳама гарду ғубори худро
Омад, ба сари хеш такид, инсон аст.

Оне, ки ба хуни ноҳақ ин хок олуд,
Бо наҳсу нафасҳои мазид, инсон аст.

Оне, ки ба макру наҳси шайтони лаъин
Морона ба нафси бад хазид, инсон аст.

Оне, ки ба сад ҷурму гуноҳу озор Омад ба дари Ҳақ ба умед, инсон аст.
11.11.2015

пешина
аз 218
навбатӣ