Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БА ИСТИҚБОЛИ МЕҲАН

Ман суханро хуш таровидам ба истиқболи Меҳан,
То бигардад шаҳпари пирӯзии шаҳболи Меҳан.

Хестам чун субҳи хандон, бо ҳама тан, бо ҳам ҷон,
Машъали умед гаштам дар пайи иқболи Меҳан.

Лек мебинам, ба баъзеҳо, ки дар ин раҳ равонанд,
Бо ҳама ишколи меҳан шуғлашон ишғоли Меҳан.

Ғорати Меҳан кунанду тоати Меҳан намоянд,
Хестам аз хоби дӯшин дар лабам табхоли Меҳан.

Ин ҳама мансабталошон ғайри нафси бад надоранд,
Вой бар ман, вой бар ту, вой бар ин ҳоли Меҳан.

Эй ки ҳалво мепазӣ, ҳар лаҳза дар ҳаври даҳонат
Сӯхт аз ҳаврат ҳаво ҳам, вой бар аҳволи Меҳан.
Июли 2015

ЧИЗЕ НАДИДАМ

Ман аз ин мову ман чизе надидам,
Муқаддас аз Ватан чизе надидам.

Басе дидам ҷаҳонрову накӯтар,
Ман аз дидори зан чизе надидам.

Ту будӣ рӯди шӯхоби зулолам,
Ту рафтӣ, ҷуз лаҷан чизе надидам.

Ҷавонӣ, ишқ, ҳусну чашми пурнур
Зи ман рафтанд, ман чизе надидам.

Ҳама дам сохтам, бунёд кардам,
Вале ғайр аз шикан чизе надидам.

Дили ман зеби наҷми зиндагӣ дошт,
Вале з-ин анҷуман чизе надидам.

пешина
аз 218
навбатӣ